Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе пайкараи ёдгории сарбозони қазоқ гузошта мешавад


Йерлан Абилдоев, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон гуфт, ки ба хотири гиромидошти хотираи сарбозони қазоқ, ки ҳангоми ҳифзи марзи Тоҷикистон ҷон додаанд, дар шаҳри Душанбе пайкараи ёдгорӣ гузошта хоҳад шуд.


Зимни гуфтугӯ бо рӯзномаи "Экспресс К", чопи Қазоқистон Йерлан Абилдоев, сафири Қазоқистон дар Душанбе гуфтааст, аз ин лавҳаи ёдгорӣ ҳангоми сафари раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон пардабардорӣ хоҳад шуд.


Тайи солҳои 1994 то соли 1999 ҳангоми ҳифзи марзи Тоҷикистон Афғонистон 50 сарбозони қазоқистонӣ ҷони худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG