Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти ду хабарнигори озар ба ду моҳи зиндон


Як додгоҳи Озарбойҷон ду хабарнигорро барои интишори як мақола, ки онро тавҳин ба дини Ислом хондаанд, барои ду моҳ маҳкум ба зиндон кард.


Дар мақолае дар рӯзномаи "Санъат" навиштаанд, ки дини Ислом монеъи рушд шудааст ва паёмбар Муҳаммад барои Шарқ танҳо мушкил офаридааст.


Ин мақола тайи ҳафтаи ахир эътирозотеро дар Нардорон, такягоҳи мусулмонони муҳофизакор ва воқеъ дар шимоли Боку барангехт, ки сокинони он таҳдид кардаанд, муаллифони мақоларо мекушанд.
XS
SM
MD
LG