Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

В. Путин: "Нерӯҳои Русия бояд қудратманд бошанд"


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба фармондеҳони артиши ин кишвар гуфт, ки нерӯҳои ҳастаии Русия бояд ҳамчунон қодир ба нобуд кардани ҳар гуна таҷовузгари эҳтимолӣ бошанд, новобаста аз он ки он чӣ гуна силоҳи пешрафта дорад.


Владимир Путин хостори мудернсозии нерӯҳои низомии Русия шуд ва ваъда дод, ки музди афсаронро афзоиш медиҳад, ва барои низомиён шароити дастрасӣ ба манзилро беҳтар мекунад.


Вай гуфт, то охири соли 2007, ҳафтод дар сади сарбозони ин кишвар қарордодӣ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG