Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддае аз гаравгонони Бағдод кушта шудаанд


Вазири таҳсилоти олии Ироқ Обид Диёб Ал Уҷайлӣ гуфт, бархе аз гаравгононе, ки дар ду рӯзи пеш аз пажӯҳишгоҳи Бағдод рабуда шуда буданд, кушта шудаанд ва бисёри дигарро шиканҷа кардаанд.


Рӯзи сешанбе 14 ноябр афроди мусаллаҳ беш аз 150 нафарро аз ин муассисаи таълимӣ рабуданд. Сипас бино ба гузоришҳо 70 тани онҳоро раҳо карданд вале то кунун маълум нест, ки чанд тани дигар ҳанӯз ҳам дар асорати одамрабоён ҳастанд.


Зимнан, 16 ноябр дар пойтахти Ироқ афроди мусаллаҳ ба дӯкони нонвойӣ дар шарқи Бағдод ҳамла карда, дасти кам 7 нафарро куштаанд. Ҳамчунин, имрӯз низомиёни Амрико аз марги чаҳор сарбози дигари худ дар Ироқ хабар доданд. Тайи моҳи равон нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ чиҳил сарбози худро талаф додаанд.
XS
SM
MD
LG