Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддае аз мухолифон истеъфои Қуловро намехоҳанд


мф

Иддае аз вакилони мухолифат ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ аз талаби ҷунбиши «Барои ислоҳот» дар мавриди истеъфои нахуствазир ҷонибдорӣ накарданд.


Толукон Исмоилова - раиси маркази ҳуқуқи башари «Шаҳрвандон алайҳи ришвахорӣ» дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин талаби ба қавли хонум Исмоилова саропо эҳсосотӣ Қирғизистонро аз бӯҳрон берун нахоҳад кашид. Хонум Исмоилова гуфт, намояндагони мухолифат Одил Байсалов ва Роза Отунбоева, ки пайваста истеъфои Қуловро ба миён мегузоранд, дар ҳоли ҳозир аз ин талаб бояд парҳез кунанд. Ба гуфтаи ӯ, тарҳи нави Қонуни асосӣ, ки аз дастовардҳои ахир арзёбӣ шуд, ба шаҳрвандони кишвараш имкони назорати фаъолияти ҳукуматро эҷод намудааст.


Толукон Исмоилова афзуд, ки нахуствазир Қулов фақат бо дарназардошти тавофуқи сиёсӣ аз боз кардани парвандаҳои алайҳи мухолифат сарфи назар намуд. Вай гуфт, ин ба Додситонии кулли ҷумҳурӣ ҳуқуқи лағви парвандаҳоеро медиҳад, ки дар қиболи аъзои ҷунбиши «Барои ислоҳот» боз шудааст. Раиси созмони «Шаҳрвандон алайҳи ришвахорӣ» мӯътакид аст, ки маҳз тазоҳуроти давомдор устувории қонун ва ҳифзи шаҳрвандони кишварашро аз таъқибу фишори дастандаркорони ҳукумат таъмин хоҳад кард.


Аммо Феликс Қулов-нахуствазири Қирғизистон бидуни вокуниш ба талаби ҷунбиши «Барои ислоҳот», ба кобинаи вазирон ва раисони вилоятҳои кишвараш дастур додааст, ки то 20 ноябри соли равон пешниҳодҳои худро пиромуни ҳукумати нав, ваколатҳо ва доираи фаъолияти он ироа намоянд.
Мирасрори Фарғонӣ, Бишкек
XS
SM
MD
LG