Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Тоҷикон дар масири таърих» ба Тоҷикистон омад


Абдулҳамиди Самад, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ва ровии нишаст гуфт, «Тоҷикон дар масири таърих», ки барои саввумин бор нашр шудааст, беҳтарин раҳоварди ахирии муаррихин ва забоншиносони тоҷик аст.

Мансур Бобохонов, раиси маркази пажӯҳиши тоҷикони ҷаҳон афзуд, мақолаҳои фароҳамовардаи Мирзо Шакурӣ, бавижа «Маънои калимаи тоҷик»- и Садриддин Айнӣ ва «Сарзамини поки ниёконам» аз Саид Нафисӣ - олими саршиноси иронӣ аз нахустин асарҳоанд, ки дар авоили асри 20 перомуни вожаи тоҷик ва миллати тоҷик баҳс кардаанд.

Дуктур Алиасғари Шеърдӯст, олими иронӣ афзуд, то чопи китоби мазбур тоҷикон ва кишвареро бо унвони Тоҷикистон тақрибан дар Ирон намедонистаанд. Оқои Шеърдӯст гуфт, «Тоҷикон дар масири таърих» мунодии миллат ва ба масал, шиносномаи як қавм ва як кишвар дар соири давлатҳои ҳамзабон - Ирону Афғонистон ва Покистон буд:

«Ҳар он нафаре, ки дар Ирон зиндагонӣ кардааст, нек медонад, ки мардуми Ирон Тоҷикистонро намедонистанд. Боре Лоиқ Шералӣ меҳмони Ирон буд ва ба ман гуфт, ки «дар берун ба мардум гуфтам, ки аз Тоҷикистонам», гуфтанд, ки « оё аз Гурҷистонӣ?». Ба таҳқиқ, Мирзо Шакурзода як фарди донишманде буд, ки талош кард, то дар Ирон Тоҷикистонро бишносанд ва муваффақ ҳам шуд»

«Тоҷикон дар масири таърих» воқеан дар Покистон ҳам 13 сол муқаддам нашр шудааст. Сулаймон Қаҳрамонӣ, сарпарасти Ройзании фарҳангии Ирон дар Тоҷикистон гуфт, мухлисини маҷмӯъа ҳамин асарро дар Покистон ба таври қочоқ нашр кардаанд, то дастраси тоҷикони покистонӣ бошад:

«Мирзо Шакурзода, дар замоне ки ройзании фарҳангии Тоҷикистон дар Ирон набуд, дар шахсияти худ мунодии фарҳанги тоҷикон дар Ирон буданд ва нашри китоби ӯ ба таври қочоқ дар Покистон муҳимият ва ниёзи хонандаро ба «Тоҷикистон дар масири таърих» дар кишварҳои ҳамзабон низ баён медорад»

«Тоҷикон дар масири таърих» ба иттилоъи муаллифи пешгуфтор ва гирдоварандаи асар Мирзо Шакурзода таърихи тӯлонии беш аз 17 сола дорад. Асар дар нахуст авоили солҳои навади асри гузашта дар ҳаҷми сад сафҳа дар Душанбе нашр шуд. Баъдан китоб мукаммал гардид ва дар се даври дигар дар нашриёти «Суруш» ва «Алҳудо»- и Ирон чоп шудааст. Ҳамакнун дар синни балоғат, яъне 18 сол ба баъд муаллиф тасмим гирифтааст, ки гунаи мукаммалтари китобро дар ҳаҷми 600 сафҳа ва бо расмулхатти сирилик дар Тоҷикистон нашр кунад.

Дар нишасти удабову уламои кишвар пешниҳод шуд, ки зимни баргардон ба хатти сириллик ва таҳияи матн муаллиф забони асарро тағйир диҳад. Валӣ Самад, олими шинохтаи тоҷик меафзояд:

«Дар баргардон ба хатти сириллик, бояд аз истеъмоли калимаву ибораҳои номафҳум, гӯшхароши арабӣ даст кашид ва ҷои онҳо вожаҳои ноби форсиро бояд ба кор бурд.»

«Тоҷикон дар масири таърих» аз се фасл ва 30 мақола, бо шумули мақолоти Садриддин Айнӣ, Влодимир Бартолд, Эраҷи Систонӣ, Абдулғиёси Навбаҳор, Маҳдии Сайидӣ ва чакидаи афкори дигар уламову удабои маъруфи Ирону Афғонистон ва Тоҷикистону Русия мураттаб шудааст, ки аз ҳарфи нахуст то ба охир перомуни вожаи тоҷик, сарнавишти миллат ва таърихи Тоҷикон ҳикоя мекунад.

Сесад нусха аз китоби «Тоҷикон дар масири таърих» - ҳамчун яке дигар аз беҳтарин асарҳои муосири шарҳи ҳолии тоҷикон бо пешниҳоди нашриёти «Алҳудо»- Ирон дар хазонаи Маркази ироншиносии ҷаҳон маҳфуз аст.
XS
SM
MD
LG