Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози баррасии тарҳи буҷаи соли 2007 дар порлумони Тоҷикистон


Муҳокимаи пешнависи Қонуни буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2007 дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ин кишвар шурӯъ шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи як буҷаи беш аз се миллиард сомонӣ муодили ҳудуди як миллиард доллари амрикоиро дар поёни моҳи гузашта барои баррасӣ ва таъйид ба Маҷлис ироа карда буд. Гулчеҳра Бозорова -раиси кумитаи иқтисоду буҷаи Маҷлиси Намояндагон гуфт, барои нахустин бор лоиҳаи қонуни буҷаи давлатӣ тамоми манобеъи даромадро ба шумули қарзҳо ва сармоягузориҳои хориҷӣ фаро мегирад ва ба ҳамин далел, ин тарҳи буҷа назар ба соли гузашта беш аз сӣ дар сад афзоиш дорад.


Арқоме аз тарҳи буҷаи соли 2007:


Ҳаҷми умумии буҷаи давлатии соли 2007 - Се миллиарду 195 миллиону 410 ҳазор сомонӣ,
Ҳаҷми умуми хароҷоти давлатӣ - Се миллиарду 290 миллиону 910 ҳазор сомонӣ,
Андозаи ниҳоии касри буҷа - Як фоизи маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ баробар ба 95 миллиону 500 ҳазор сомонӣ.



Хонум Бозорова афзуд, ки дар тарҳи қонуни буҷаи соли 2007 маблағ барои бахши иҷтимоъӣ низ дар муқоиса бо буҷаи соли гузашта ба маротиб бештар пешбинӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки чанде аз вакилони Маҷлис аз меъёри андозбандӣ дар ин тарҳи қонун барои корхонаҳои алоҳида ва нокифоятии маблағи ҷудокарда ба бархе аз бахшҳои иқтисодии кишвар ва низ беназоратии иҷрои қонуни буҷа изҳори нигаронӣ карданд. Гуфта шуд, ки меъёри ситонидани андоз аз анвоъи мухталифи амволи зераксизӣ, аз ҷумла сигор ва машрубот ночиз пешбинӣ шуда ва озод кардани корхонаи арзизи тоҷик аз пардохти бархе аз молиёт дуруст нест. Ҳамчунин, бештари вакилони Кумитаи иқтисоду буҷа аз камбуди маблағи пешбинишуда ба бахши иктишоф ва истихроҷи манобеъи гоз ва ангишти ватанӣ дар ин лоиҳаи қонун шадидан интиқод карданд. Шодӣ Шабдолов- вакили Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфт, дар ҳоле пешниҳодоти порлумон дар ин маворид ба эътибор гирифта нашудааст, бар ташкили ҷаласа зарурат боқӣ намондааст.


Яке дигар аз тафовутҳои пешнависи қонуни буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2007 назар ба солҳои қаблӣ ин аст, ки барои интиқоли аҷсоди муҳоҷирони корӣ аз хориҷи кишвар ба ватан маблағ ба ҳаҷми 150 ҳазор сомонӣ пешбинӣ кардааст. То кунун дар буҷаи кишвар як чунин моддаи алоҳида вуҷуд надошт. Ба ин тартиб, баъди муҳокима ва баррасии пешнависи қонуни буҷаи давлатӣ дар ҳамаи кумитаҳо нусхаи такмилшудаи онро Маҷлиси намояндагон тасдиқ хоҳад кард.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG