Пайвандҳои дастрасӣ

Квота барои муҳоҷирони корӣ дар Русия


Ҳукумати Русия ба манзури ҳимоят аз манофеъи мардуми бумии кишвари худ барои муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Муштаракулманофеъ ҳафтаи ахир ба таври қонуни ҳадди нисоб ё квота муқаррар кардааст.

Тибқи санади қабулкардаи ҳукумати Русия дар соли оянда андаке беш аз 300 ҳазор муҳоҷири кориро ба кор пазируфта метавонад, ки дар қиёс аз соли гузашта 20 ҳазор камтар аст. Ин квота фақат барои он вилоятҳоест, ки ба нирӯи корӣ ниёз доранд. Сергей Болдирев-муовини раиси хадамоти федералии муҳоҷирати Русия гуфт, ин миқдор нирӯи корӣ ё муҳоҷирон ба Ҷумҳурии Бурятия, вилояти Омск, Тюмен, Кемерово ва Липецк фиристода мешавад, чун ки ин вилоятҳо ба муҳоҷирони корӣ бештар ниёз доранд:

"Дар соли 2005 хадамоти мо 702 ҳазор муҳоҷири корӣ расман сабти ном карда буд, вале дар 9 моҳи ахир мо беш аз 950 муҳоҷири кориро расман дар Русия сабти ном кардем".

Ба гуфтаи Болдарев, ин фармони ҳукумати Руссия кору иқомати муҳоҷирони кориро дар оянда осонтар хоҳад кард. Дар бораи шуғли муҳоҷирони корӣ дар арсаҳои мухталифи Руссия худи мақомоти ин кишвар назари яксон надоранд. Аз ҷумла Михаил Зурабов- вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Русия мегӯяд, аз 1 январи соли 2007 фақат 40 дар сади муҳоҷирони корӣ иҷозати кор дар бозорҳо ва дӯконҳои Русияро хоҳанд дошт. Аммо Вечеслав Поставнин- муовини раиси хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар ин бора чизи дигар мегӯяд:

"Дар Русия дар сохтмон 45 дарсад, дар савдо 25 дар сад, дар нақлиёт 7 дар сад ва дар соҳаи кишоварзӣ 5 дар сади муҳоҷирон машғуланд."

Дар бораи шумораи дақиқи муҳоҷирони корӣ низ дар доираҳои расмии Руссия маълумоти дақиқ дар даст нест. Баъзе аз намояндагони Думои давлатии Русия ин шумораро то 15 миллион нафар нишон медиҳанд, ки ба он муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ дохил мешаванд. Аз ҷумла, Вячеслав Плигин- намояндаи Думои Давлатии Русия дар ин бора чунин мегӯяд:

"Мо бояд коре мекардем ки ин 10 -15 миллион муҳоҷир ҳамчун одам дар ин кишвар кор ва зиндагӣ кунанд. Баъд аз муддате мо иҷрои ин қонунро дуруст мекунем ва фикр мекунам, ки ҳамаи муҳоҷирони дурусткор ва покдоман ки ба Русия маҷбур шудаанд, оянд, роҳат шаванд"

Ҳамчунин Михаил Зурабов, вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Русия гуфт, ки Русия имсол метавонад то 6 миллион муҳоҷири кориро қабул кунад.
XS
SM
MD
LG