Пайвандҳои дастрасӣ

Танқиди адабӣ ё таҳлили "Имрӯз, шумо чӣ хӯрдед?"


Аз силсилатанзҳои устод Нурулло Абдулло

Лутфи II.

Ду адиб, - як нависандаю як шоир дар маъракае нишаста бо ҳам сӯҳбат мекарданд. Он маърака чӣ маъракае буд: тӯй ё худоӣ - касе намедонад. Таърих дар ин боб хомӯш аст. Вале ҳама медонанд, ки сӯҳбати ду адиб ногоҳ ба баҳси адабӣ табдил ёфт.

-Шумо шоирон, ҳамеша ба эҳсос дода мешавед, муболиғаҳои нестандарҷаҳон мекунед, умуман, шумо бандаи ҳис, вазни арӯз ва муболиғаҳои беохир ҳастед- мегуфт нависанда ва бо ҳамин гуфтори аз назм дураш ба қитиқи шоир мерасид.

- Оре, мо бандаи арӯзу арӯс будем. Лекин аз «шарофат»-и муболиғаи аблаҳонаи шумо акнун арӯс ҳам аз мо мегурезаду арӯз ҳам.

-Муболиғаи мо ба ин чӣ дахл дорад? Нафаҳмид нависанда.

-Набошад чӣ? Магар латоифе, ки бо наср навишта шудааст, мансуби нависанда нест?

-Ҳаст, хайр чӣ?

-Хайр чӣ не! Ман боре чашмам ба латифае афтод, ки замоне классиконамон навиштаанд. Дар он латифа омадааст, ки мардаке назди табиб меояд ва табиб барои мондани диагноз, яъне ташхис ва муайян намудани дарди ӯ мепурсад, ки вай имрӯз чӣ хӯрдааст. Ва он мардак масолеҳи хӯрдаашро номбар мекунад: Ду ман нон, ҳамин қадар асал, чор каллаи гӯсфанд, ним рони гов, чанд кило шафтолу, як лаган самбӯса, умуман агар ангур ва тарбузу харбузаро ба ҳисоб нагирем, хӯрдагияш таи 300 - 350 кило меояд. Магар ин муболиға нест?

- Муболиға ҳасту лекин ин ба арӯзу арӯси ту чӣ дахл дорад? нафаҳмид нависанда.

- Дорад! Дахли бевосита дорад! Зеро ман, яъне, нависандаи назм, нозим, хостам ин насри бенизоми шуморо ба низоми назм дарорам. Ба ман лозим буд, ки барои боваринок баромадани асар ва дар чорчӯбаи арӯз ғунҷонидани латифа, амволи хӯрдаи он мардакро аввал дар худ ғунҷонам. Ҳамчун воситаи танқиди адабӣ. Чун ман ҳамчун шоири ҳақиқии имрӯза барои харидани он ҳама лашу луши хӯрдаи қаҳрамони латифаи насрӣ нақдинае надоштам ва кайки ба бадани ман афтода барои қути лоямути худ чизе наёфта чанде дар кисаҳоям бо чагас мегардад ва ниҳоят бо ғур - ғури «ман хато карда ба симчӯб часпидаам» туф карда аз ман мегурезад, қарор додам аз воситаи зеридастӣ, яъне тӯйҳо ва худоиҳои бешумори пеш аз рамазонӣ истифода барам. Рӯзеро интихоб кардам, ки ба чор оши наҳор ва ҳамин миқдор худоӣ хабарӣ будам. Ин бе ягон муболиға. Мардум чунон ба воҳима афтодаанд, ки гӯё ин Рамазон баъди омадан дигар намерафта бошад. Ман бо баҳонаи «пеш аз Рамазон як бор мустаҳкам хӯрда гирем» дар ҳашт маърака худам танҳо болои мизи чоркасаро тоза кардам ва ҳатто баъзан ҳамчун сарқут... яъне, вай чӣ буд, ҳамчун табаррук амволи табақҳои нимхӯрдаи муллоён ва чанд калоншавандаро истеъмол намудам.

-Баъд ба табиб муроҷиат кардед?

-Не-да! Нодурустии муболиғаҳои насрии шумо ҳам дар ҳамин. Маълум шуд, ки дар чунин ҳолат одами зинда то назди табиб расида наметавонад. Фақат то истгоҳ! Дар истгоҳ, дар ҳамон лаҳзае, ки аз арӯзи зиндагӣ лаззат бурдаву ба арӯсе чашмак мезадам, бе ягон огоҳии пешакӣ шикам ба шӯр омад. Исён бардошт. Норозигиро ба тарзе баён кард, ки он на дар чорчӯбаи назм на дар муболиғаи наср ва дар шими ман, ки нисбати андомам чанд андоза бузургтар буд, намеғунҷид.

-Шуд! Фаҳмидам! Носир, яъне нависанда аз ҷой хест. Ин «Истгоҳи арӯзи арӯсгурезон» ном гирифтани истгоҳи назди хонаи мо ва хонаҳояшонро иваз карда аз микрорайон гурехтани мардум натиҷаи ҳамин танқиди адабии шумо будааст да. Ҳе, чорчӯбаи назмат аз сарат монад. О....муболиғаатро чени даҳонат хӯр! Нозимро кӣ мондааст, ки бо носир сар ба сар шавад? Ҳар кас бояд алифи худашро гӯяд. Хез! Ба ту ҷавоб.


Ташхис - ул - латоиф. Лутфи 1
XS
SM
MD
LG