Пайвандҳои дастрасӣ

Кори сиёҳи бепули кӯдакон


Ҷамшед, як ҳамсӯҳбати навраси мо, ки дар истгоҳҳои пойтахт барои нақлиёти мусофирбар муштарӣ ҷамъ карда бо ҳамин роҳ як маблағи муайян ба даст меорад, мегӯяд, аксар вақт ронандаҳо барои меҳнаташ натанҳо пул намедиҳанд, балки....
"Пуламро нодода мераванд ва вақте ки ҳаққи хизматамро талаб мекунам, маро зери мушду лагад мегиранд"

Бино бар пажӯҳиши Анҷумани миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон, имрӯз дар Тоҷикистон беш аз ду ҳазор чунин кӯдаки беҳаққу ҳуқуқи коргар ба сар мебарад. Ин созмон мегӯяд, ки рӯз то рӯз шумори кӯдакону наврасони коргар ва навъҳои хидматрасонии онҳо ҳам бештар мегардад. Фирӯза Носирова, яке аз масъулини таҳқиқоти мазкур гуфт, боиси таассуф аст, ки аксари кордиҳандагон барои кӯдакон шароити мусоиди меҳнатиро мисли, вақти кофӣ барои танаффус, музди мувофиқ ва муҳити бехавфро фароҳам намеоранд.

«Зимни гузаронидани ин тадқиқот як манзараи риққатовар пеши назари мо омад. Дар баробари он ки кӯдакон ҳанӯз аз синни 8 - солагӣ ба кори сиёҳ ҷалб мешаванд, бар замми ин кори онҳо бе танзими муносибатҳои қонунӣ сурат мегирад»

Дар ин зимн, ҳуқуқшинос Умрилло Меликов мегӯяд, чун соҳибкорӣ дар ҳоли рушд аст ва шаклҳои мухталифи коргузорӣ ба миён меояд, аз ин рӯ, талабот ба қувваи кории арзон низ дар кишвар зиёд мешавад. Ва кордиҳандагон зимни қабули кӯдакон ба кор бо онҳо ба таври расмӣ шартнома намебанданд ва ин аст, ки барои ҳифзи ҳуқуқи меҳнатии онҳо масъулият эҳсос намекунанд:

«Баъзан ҳангоми қабули кӯдакон ба кор синну солашон ба эътибор гирифта намешавад. Ҳатто 12 -13 сола кӯдаконро ба кор мегиранд, ки ин ғайриқонунӣ аст. Мо корфарморо манъ карда наметавонем, ки ба кор қабул накунад, аммо бояд дар ин раванд меъёрҳои қонун риоя шаванд.»

Сабоҳат Олимова, раиси созмони Аврора мегӯяд, ҳарчанд кӯдакон аз меҳнати худ як миқдор маблағи ночиз ба даст меоранд, ҳамзамон онҳо ҳамчун инсони комил қобилияти рушд карданро аз даст медиҳанд. Ва хонум Сабоҳат барои ҳалли ин мушкил чунин пешниҳод дорад:

«Кордиҳандагон бояд қабл аз ҳама манфиати кӯдаконро дар мадди аввал гузоранд ва аз рӯи имконияташон ба онҳо корҳоеро пешниҳод кунанд, ки кӯдакон тавонанд пас аз мактаб машғули кор шаванд то фаъолияти корӣ ба ҷараёни таҳсилашон халал эҷод накунад ва ҳамчунин ин корҳо бояд меҳнати зиёди ҷисмониро талаб накунад то ин ки кӯдак осеби ҷисмониву равонӣ набинад»

Муаллифи таҳқиқот - Ассосиатсияи миллии соҳибкории хурду миёна - айни ҳол барои боло бурдани сатҳи огоҳии ҳуқуқии кордиҳандагон талош доранд, як барномаеро раҳандозӣ кунад. Аммо дар ҳамин ҳол, худи онҳо мегӯянд, мушкили иқтисодӣ ба осонӣ ҳама кӯдакону наврасони ниёзмандро аз кор дар хиёбонҳо боз нахоҳад дошт

Вале дар баробари ин кӯдакони коргар мегӯянд, дар ҳама ҳолат нисбати онҳо бояд адолати иҷтимоӣ муҳайё шавад, чуноне ки қонуни меҳнати Тоҷикистон инро тақозо мекунад.
XS
SM
MD
LG