Пайвандҳои дастрасӣ

Садои навзод аз қуттии ахлот


Зарангези Наврӯзшоҳ Тақрибан моҳе қабл садои баланди гиряи тифле дар хиёбон таваҷҷӯҳи сокинони шаҳрчаи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакиро ба сӯи худ кашид. Ин садои кӯдаки тахминан як рӯзае буд, ки латтапеч даруни борхалтае дар истгоҳи ин шаҳрак мехобид ва чунин ба назар мерасид, ки соатҳои тӯлонӣ аз сардиҳову гуруснагӣ беқарор шудааст.

Баъд аз муайян шудани бекасии ин тифл аз ҷониби кормандони интизомӣ, Шарифамоҳ Буриева як тан аз мардуми он маҳал нафаре шуд, ки бидуни дудилагӣ ин навзодро ба тарбияи худ гирифт, ҳарчанд ин қарор барояш чандон осон набуд: «кӯдака гирифтам ва хона омадам баъд бинам, баданаш қариб кор намекард, ман қариб як моҳ табобаташ кардам, ҳарчанд мушкил ҳам буд, вале дар назарам азобаш наметофт мехостам калонаш кунам ва ҳамчун писарам бошад, мушкили дигар ин буд, ки фарзандҳои худам норозӣ буданд дар аввал гуфтанд, ки моро ҳама механданд, ки модарат кӯдаки «ҳаромӣ» ро гирифтаст ва мо худамона мекушем ё намеистем бо ин кӯдак дар як хона. Лекин ман онҳоро фамондам ва розӣ шуданд.»

Вале чархи тақдир ба ин кӯдаки бекас бевафоӣ мекунад ва баъди як моҳ аз дунё чашм мепӯшад: «Духтурон гуфтанд ин кӯдакро модараш ҳангоми ҳомиладорӣ доруҳои зиёди наркотикӣ истеъмол кардааст ва ҳамаи он ба тифл зарар расонидааст.»

Тавре тафтишот маълум кардааст, модари аслии ин кӯдак духтари 21 солаи сабукпое будааст, ки аз тарси волидонаш тифли навзодро шабонгаҳ дар истгоҳ партофта рафтааст. Чунин ҳодисаҳо вақтҳои охир зиёд шудаанд, мегӯянд масъулин. Ба гуфтаи Шералӣ Раҳматов корманди вазорати тандурустӣ аз аввали сол то имрӯз танҳо дар Душанбе 58 модари бешавҳар аз фарзанди нохостаи худ довталабона даст кашидаанд. Дар чаҳор ҳолат модарони ҷавон аз атфоли навзодашон дар хиёбон раҳо шудаанд.

Моҳинав Шарипова сардухтури таваллудхонаи рақами дуи пойтахт мегӯяд, аксар модароне,ки аз фарзандони навзодашон даст мекашанд ҷавондухтаронеанд, ки дар бештари авқот аз бефикрии худ ба ин ҳолат дучор шуда ва аз шарму тарс аз баҳри тифли навзоди худ мегузаранд. Моҳинав Шарипова: «Ман мефаҳмам, ки вай аз рӯзи хуша намепартояд, вале чунин занон ҷое надоранд, ки тифлашон раванд. Ба вай дар он сурат ягон кас рӯи хуш намедиҳад. Он лаҳзае ҳаст, ки вай метавонад худашро ё кӯдакро кӯшад, вале ҳамаи ин мегузарад раҳои аст аз ин роҳҳо муҳим ба ҷиноят даст назананд чунин занон.»

Ба гуфтаи хонум Шарипова тифлони дар зоишгоҳ монда ба хонаи навзодон ва қисме барои оилаҳои бефарзанди хоҳишманд супурда мешаванд. Вале Шералӣ Раҳматов корманди вазорати тандурустӣ мегӯяд, бо кӯшишҳои зиёд онҳо метавонанд 40 дар сади чунин модарони аз фарзанд рӯ гардондаро розӣ намоянд,то онҳо кӯдаконашонро дубора баргардонанд: «Масалан агар зане, ки рӯзҳои аввал сина маконад тифлашро вай дигар наметавонад ӯро партояд ва ҳатман бо худ мегирадаш, ба ғайр аз ин бисёрашро мо бовар мекунонем, ки ҳар вақте набошад метавонанд омада гиранд кӯдаконашонро аз хонаи навзодон.»

Масъалаи дигар ин аст, ки на ҳамаи чунин ҷавонзанон барои таваллуди кӯдакони ғайришаръиашон ба зоишгоҳҳо муроҷиат мекунанд, бархе дар шароити хона таввалуд мекунанд ва барои халос шудан аз тифл аз ҳама роҳҳои пурхатар истифода мекунанд. Мисли ин мусоҳиби ман духтари 19 солае, ки бидуни хоҳиши худ ҳомиладор шуда,барои раҳо шудан аз он чунин нақшаро дар сар доштааст: «Хонаи амамда будам ва ҳомиладор шудам баъд вай бача ба Русия рафт ва ман танҳо дар нимароҳ мондаму надонистам чӣ кор кунам, чунки бояд ба хона бармегаштам ва агар падару модарам мефаҳмиданд маро пеш мекарданд. Барои ҳамин дар хонаи амаам истодаму таваллуд кардам ва дар зоишгоҳ гузошта рафтам тифламро. Ҳарчанд аввал мехостам, ки кӯдакро таваллуд кунам мекушам, то ягон кас нафаҳмад,аммо амаам маро аз фикрам боз дошт.»

Аз ин духтар мепурсам,ки оё аз тақдири фарзандаш чӣ иттилое дорад ва оё мехост,ки он тифли 9 моҳ дар батни худ нигоҳ доштаашонро имрӯз дар наздаш бубинад. Ӯ гуфт: «Намедонам ростӣ.Ҳамин қадар медонам, ки кадом зане ӯро ба фарзандӣ гирифтааст, дигар ҳеҷ. Албатта аз як таарф мехостам, ки имрӯз бинам кӯдакамро,лекин аз дигар тараф намехоҳам, чунки боз хотираҳои баъд ба ёдам меояд.»
Ба гуфтаи табибон аз суе бадахлоқии бархе аз модарони ҷавон ва аз сӯи дигар бемасъулиятии рӯҳиву маънавии онҳо дар баробари фарзанд ва ниҳоятан набуди донишҳои оддитарини тиббӣ дар натиҷа паёмадҳои номатлуби худро дар зиндагии фарзанду модар хоҳанд гузошт.

Ва ҳоло модари мушфиқ хонум Шарифамоҳ, ки тифли аз истгоҳ ёфтаашро ба мисли фарзандаш дӯст медошт, мегӯяд то ҳанӯз барои ӯ ашк мерезад: «Ба чунин модарон лаънат мегӯям, чӣ хел модаранд онҳо? охир агар намепартофту ба ягон оилаи ниёзманд медод бе ягон азоб кӯдакро мегирифтанд ку. Бовар мекунед вақте вафот кард кӯдак чашмоша боз кушоду ба тарафам нигоҳ кард, ки….. (дигар гиря мекунад.)»

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG