Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико мегӯяд, барои музокироти мустақим бо Эрон "усулан" омода аст


Вазорати хориҷаи Амрико гуфтааст, Вошингтон барои музокироти мустақим бо Эрон пиромуни масъалаи Ироқ "усулан" омода ҳаст. Дейвид Саттерфилд, мушовири аршади вазири хориҷаи Амрико ба кумитаи Сенат гуфт, замони рафтан ба чунин гуфтугӯ бо Эрон дар ҳоли ҳозир дар маърази омӯзиши мақомоти амрикоӣ қарор дорад. Раҳбарони Амрико қаблан ҳар навъ музокирот бо Эронро бо талаби қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниуми он кишвар марбут мекарданд.

Дипломатҳо мегӯянд, қудратҳои ҷаҳонӣ рӯзи чоршанбе ҳам натавонистанд дар мавриди тарҳи қатъномаи СММ дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон ба тавофуқ бирасанд. Ин қатънома мебоист таҳримотеро, ки бояд алайҳи Эрон ба маҳзи сар кашиданаш аз қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниум ҷорӣ мешуд, фаро мегирифт. Сафири Амрико дар СММ Ҷон Болтон гуфт, дар музокироти дирӯза ба ҷуз ӯ намояндагони 5 кишвари узви доимии ША ва Олмон ширкат доштаанд. Амрико ва муттаҳидини аврупоияш ҷонибдори таҳримоте ҳастанд, ки барномаҳои ҳам ҳастаӣ ва ҳам мушакҳои раҳбурдии Эронро фаро бигирад. Аммо Русияву Чин то кунун ба чунин таҳримоти шадиди байналмилалӣ розӣ нашудаанд.
XS
SM
MD
LG