Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизони хушунатҳо дар Афғонистон имсол ду карат афзудааст


Мизони хушунатҳо дар дар Афғонистон имсол ду маротиба афзудааст ва ин тамоюл соли оянда низ метавонад идома ёбад. Генерал Майкл Маплз, мудири ожонсии иктишофи низомии Амрико ба кумитаи низомии Сенати Амрико гуфт, ҷангиён дар Афғонистон бо вуҷуди шикастҳои зиёд тавоноӣ ва доманаи фаъолиятҳои худро тавсиъа додаанд. Генерал Маплз гуфт, чирикиҳо қасд доранд бо эҷоди ихлол ба ҷараёни кӯмакҳои байналмилалӣ ба барномаҳои таҳкими артиш ва эъмори баъдиҷангии Афғонистон заъифии давлати мустақар дар Кобулро ба намоиш гузоранд.

Ва як ҳайъати СММ гуфтааст, ки Афғонистон бояд ба таври "пайкорҷӯёна" фасод ва адами қонуниятро лаҷом зада, диққати худро ба илали минтақаии ошӯбҳое, ки ба пешрафти кишвар таҳдид мекунанд, тамаркуз диҳад. Ин ҳайъат дар пайи 4 рӯзи боздидаш аз Афғонистон ба чунин хулоса расида ва дар ин бора изҳори нигаронӣ кардааст, ки ошӯбҳои таҳти раҳбарии Толибон ба як таҳдиди ҷиддӣ ба раванди бозсозии ин кишвар табдил меёбанд. Аммо раҳбари ҳайъати СММ Кензо Ошима гуфтааст, онҳо то ҳол бар ин боваранд, ки ин тӯфон дар ниҳоят фурӯ хоҳад нишаст ва корҳо ба хотири эъмори дубораи Афғонистон идома меёбанд.
XS
SM
MD
LG