Пайвандҳои дастрасӣ

Низоми сеҳизбӣ? Дигарҳо нолозиманд?


Бештари таҳлилгарони Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мӯътақиданд, ки ҷиҳати тақвият ва таҳкими ҷомеаи маданӣ ва рушди демократия дар кишвар низоми сеҳизбӣ муносибтар аст. Ва ба пиндори онҳо, ин аҳзоб: Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунист мебошанд, ки миёни ҷомеа аъзо ва ҷонибдорони устувор доштаанд.

Сӯҳроб Шарифов- раиси Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин мавзӯъро дар миён андохт, бар ин назар аст, ки аҳзобе назири сотсиал-демократ ва демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҷойгоҳи муносиб касб накарданд. Вай афзуд, дар ҳоле, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон мавҷудияти оппозисиюни қавӣ ва нирӯманд амри табиӣ ва зарурӣ мебошад, аҳзоби сиёсии кишвар, минҷумла, Ҳизби наҳзати исломӣ дучори мушкили раҳбарӣ шуда ва имкон дорад, ихтилофоти дохилӣ буруз кунад. Оқои Шарифов пешниҳод нашудани номзади ин ҳизб ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи ахири президентиро як далели заъфи раҳбарӣ дар ин ҳизб арзёбӣ кард.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ- раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи ин ҳизб дар порлумони кишвар ин иддаоро бепоя хонд. Вай афзуд, бо ин вуҷуд, ки бархе аз доираҳо ва нафарони алоҳида хоҳиш ё талоши ҷудоиандозӣ дар миёни аъзо ё раҳбарияти Ҳизби наҳзатро доранд, ба он муваффақ нахоҳанд шуд. Зеро равобити ҳизб бо мақомоти олии кишвар низ хуб аст ва барои ҳукумат низ эҷоди ихтилоф ва ҷудоӣ дар дохили ин ҳизб манфиате ба бор нахоҳад овард.

Аммо ба ақидаи бархе аз роҳбарони аҳзоби сиёсии мухолифи давлат, аз ҷумла Раҳматулло Валиев- муовини раиси Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, чунин андеша, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар танҳо се ҳизб ва яке он ҳам Ҳизби халқӣ-демократӣ боқӣ хоҳад монд, хостаҳои як гурӯҳ будааст, на воқеияти сиёсии Тоҷикистон. Оқои Валиев афзуд, ки Ҳизби халқӣ - демократӣ бар шонаҳои ҳукумат такя мекунад ва дар сурати иваз шудани раҳбарияти кишвар аз ҳузури он ба ҳайси як созмони сиёсӣ чизе боқӣ нахоҳад монд.

Аз сӯи дигар, меафзояд оқои Валиев, дар ҳоле, ки масъулини Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурӣ авлавияти низоми се ҳизбиро таъкид мекунанд, ба таври ғайримустақим ҳам бошад, маснӯъӣ ва марҳалаӣ будани аҳзоби ширкаткарда дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ дар канори Ҳизби халқӣ-демократиро эътироф кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Сафаров - таҳлилгар аз Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаҳои баъдии сиёсии кишвар дар канори Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ қарор гирифтани аҳзоби тозатаъсисро инкор накард.

Аммо бо ин вуҷуд бештари соҳибназарон ва таҳлилгарони мустақил бар ин боваранд, ки натоиҷи интихоботи ояндаи Порлумони кишвар, ки қарор аст, дар соли 2010 доир шавад, рӯшан нишон хоҳад дод, ки оё барои ҷомеаи тоҷик танҳо се ҳизб муносиб аст ва ё аҳзобе ба мисли сотсиал-демократ ва демократ низ метавонанд, ҷойгоҳ дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG