Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пизишкони ихтиёрӣ ба мадад мешитобанд


Мирзоҷалоли Шоҷамол Барномаи беҳдошти Бунёди Оғохон тарҳи вижаеро рӯи даст гирифтааст, ки ҳадафи он тайёр намудани кормандони ихтиёрии тиббӣ барои манотиқи кӯҳистонӣ арзёбӣ мешавад.

Сурайё Хусравова, танзимгари барнома дар Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то имрӯз тибқи ин барнома дар вилоят беш аз 400 ихтиёрӣ, ки дорои касбу кори гуногун мебошанд, омӯзиш дидаанд. Бону Хусравова гуфт, кормандони ихтиёрӣ усулҳои расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, чораҳои пешгирии паҳншавии касалиҳои сироятӣ ва тарзи ҳаёти солимро меомӯзанд.

Ба ақидаи мутахассисон, дар ҳоле ки бештари рустоҳои Бадахшон аз марокизи устон ва навоҳӣ дар масофаи дур ҷой гирифтаанд, фаъолияти ихтиёриён дар расонидани кӯмакҳои аввалияи тиббӣ аҳамияти вижа касб мекунад. Пизишкони ихтиёрӣ маводи тиббиро ройгон аз барномаи беҳдошти Бунёди Оғохон дарёфт намуда дар навбати худ ба ниёзмандон бепул хидмат мерасонанд.

Майно Сафдарбекова, яке аз чунин пизишкони ихтиёрӣ аз ноҳияи Шуғнон мегӯяд, сандуқчаи доруворӣ ҳамаамон дорем. Одамон табашон баланд шавад ё кӯдакон шикамдард шаванд ё дарди сар, ба мо муроҷиат мекунанд.

Сурайё Хусравова изҳор дошт, ки ҳодисаҳои бо кӯмаки пизишкони ихтиёрӣ наҷот додани ҳаёти модару кӯдак дар манотиқи дурдасти Бадахшон вуҷуд доштааст. Ӯ мисол овард, дар деҳаи Чандини ноҳияи Роштқалъа як ҳодисаи наҷот додани зани ҳомила ва дар ноҳияи Ванҷ пешгирӣ намудан аз фурӯши як мошин намаки бейод сурат гирифтааст.

Мутахассисони маркази вогиршиносии вилоят мегӯянд, фаъолияти кормандони ихтиёрӣ ҳамчунин ба беҳбудии вазъи санитарӣ-эпидемологӣ низ мусоидат кардааст. Танзимгари барномаи беҳдошти бунёди Оғохон гуфт, ки тайёр намудани кормандони ихтиёрии соҳаи беҳдоштӣ дар доираи лоиҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак ва тарзи ҳаёти солим амалӣ шуда, алҳол Бунёди Оғохон чунин як барномаро дар ноҳияҳои Шӯробод, Мӯъминобод ва Ховалинги вилояти Хатлон роҳандозӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG