Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби дубораи истеъфои Қулов


Бишкек Дар паи гирдиҳамоиҳое, ки тӯли ҳафт рӯз дар Бишкек давом кард ва мунҷар ба қабули тарҳи нави Қонуни асосӣ гардид, ҳаракати «Барои ислоҳот» истеъфои нахуствазир Қуловро дубора ба миён гузошт.

Одил Байсалов - узви ин ҳаракат гуфтааст, яке аз роҳҳои ҳалли бӯҳрон, ки кишварашро ба вартаи харобӣ овардааст, ба истеъфо рафтани нахуствазир Феликс Қулов мебошад. Ӯ гуфт, мувофиқи тарҳи нави Қонуни асосӣ бояд ҳукумати нав таъсис ёбад ва ин ҳукумат дар чаҳорчӯби қонун ба фаъолият оғоз намояд.

Аммо Турсунбой Охун - раиси Омбудсмани назди дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон мегӯяд, рӯзи нӯҳуми ноябр тарҳи нави Қонуни асосӣ ба тасвиб расид ва ҳар амале, ки анҷом хоҳад шуд, бояд дар чаҳорчӯби ҳамин Қонуни асосӣ сурат бигирад. Раиси Омбудсман гуфт, ки вай ҳаргиз аз талаби истеъфои нахуствазир Феликс Қулов пуштибонӣ нахоҳад кард. Ба андешаи ҷаноби Охун, ба истеъфо рафтани оқои Қулов ваҳдат ва суботу амнияти кишварашро халалдор хоҳад кард.

Тупчибек Тургуналиев - пешвои Ҳизби сотсиал-демократи Эркиндик иброз дошт, ки масъалаи истеъфои нахуствазир Қулов дар Порлумон ба миён гузошта нашудааст. Вай гуфт, ки аммо дар сурати аз ӯҳдаи вазифааш набаромадани ҳукумат масъалаи истеъфои он ба миён хоҳад омад. Аммо ба қавли ҷаноби Тургуналиев, ин кор ҳадди ақалл охири сол, зимни ҷамъбандии фаъолияти ҳукумат бояд сурат гирад.

Ба гуфтаи Роза Отунбоева - ҳамраиси ҳизби «Асаба», нахуствазир Қулов ду бозӣ анҷом медиҳад ва бар асоси ин ҳукумати Қулов умри дароз нахоҳад дид.

Қувватбек Бойболов - яке аз намояндагони мухолифат ва вакили Порлумон бидуни ҷонибдорӣ аз истеъфои ҳукумати Қулов гуфт, ки агар нахуствазир тибқи ваколатҳои ӯ, ки тарҳи нави Қонуни асосӣ додааст, фаъолият кунад, барои ба истеъфо рафтанаш ниёзе нахоҳад монд. Вай афзуд, ки аммо ҳакам танҳо вақт аст.
XS
SM
MD
LG