Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлил аз садсолагии Шаҳриёр дар Душанбе


Бузургдошти Шаҳриёр, бузургтарин ғазалсарои форс дар садаи бист дар толори Фарҳангистон улуми Тоҷикистон бо ширкати удабову уламо ва академисйуни тоҷику иронӣ баргузор гардид.

Академик Мӯсо Диноршоев, доктор Ҷӯрабеки Назрӣ ва Алиасғари Шеърдӯст, дабири «Кунгураи ҷаҳонии Шаҳриёр» дар сухани ифтитоҳӣ гуфтанд, ки Муҳаммадҳусайни Табрезӣ аз шоирони аршад ва соҳибмактаби шеъри суннатии форсии тоҷикист. Мӯсо Диноршоев афзуд, шеър дар тӯли 100 соли ахир ягона васлгари ду кишвар ва мардумони он будааст, ки дар тӯли асри пор забони насри форсӣ тафриқаи ҷиддӣ дид ва аммо шеър ҳамоно ноб ва мафҳум боқӣ мондааст.

Беҳрӯзи Сарватиён, пажӯҳишгари иронӣ гуфт, Шаҳриёр, ки ба масал шоҳи сухани суннатист, вале аз шахсиятҳои сиёсӣ ҳам буд, ки аз ашъори меҳанпарастӣ ва инқилобӣ кор гирифт ва борҳо маҳкум ба зиндон ҳам шудааст.
Ва аммо ба иттилоъи муқарризин ва пажӯҳишгарони тоҷик Шаҳриёр бештар шоир аст, ки аз худ мактаби комили тағаззулу рубоъисароӣ боқӣ гузоштааст.

Адабиётшинос Шаҳобуддин Муҳаммадшоев афзуд, «Модарнома»-и устод Шаҳриёр дар Ирону Тоҷикистон таҳаввулоте ба бор овард, ки баъди сари ӯ миёни шуарои Ирону Тоҷикистон ин сабк риоя ва мавриди эҷод қарор гирифт.

Ғиёсуддин Қодиров, пажӯҳишгари дигари тоҷик афзуд, Шаҳриёр чанд дона шеъри Нимоӣ гуфтааст ва аммо аз шеъри суннатӣ арҷ мегузошт.

Адабгустарони сухан ва суханпардозони адаб бар ин назаранд, ки Шаҳриёр аз пуштибонҳои қавии шеъри клоссик буд, то зулфи арӯси табъ бо килки ҳофизона, ва бо пардози сабки ҳиндувонаи Бедилу Соиби Табрез шона мезад ва дар Тоҷикистон низ таъсири воқеӣ ба шуарои давр дошт. Пажӯҳишгарон бар ин назаранд, ки аз мактаби суннатии Шаҳриёр удабои баркамоли солҳои 60-и асри пори тоҷик ҳамчун Аминҷон Шукуҳӣ, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Мӯъмин Қаноат, Мастон Шералӣ татаббӯъ бардоштаанд.

Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр дар соли 1992 дар сини 86 солагӣ аз олам даргузашт ва дар «Мақбарат-уш-шуъаро»-и Табрез, ба дасти хок шуд, вале дар олами шеъри муосир дар радифи Камоли Хуҷандиву Соиби Исфаҳонӣ ва Лоиқи Шералӣ роҳ сӯи абадият бурд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG