Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи фирориёни Андиҷон ба Додгоҳ фиристода шуд


Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Узбакистон таҳқиқи парвандаҳои панҷ фирории узбакро, ки моҳи август бо айбномаи даст доштан дар ошӯбҳои соли гузаштаи Андиҷон иҷборан аз Қирғизистон ба Узбакистон интиқол дода шуда буданд, ба анҷом расондаанд.


Имрӯз додситонии кулли Қирғизистон бо ишора ба иттилоъи ҳамтои узбакистониаш хабар дод, ки таҳқиқи қазияи панҷ фирорӣ хотима ёфта барои муҳокима ба Додгоҳи шаҳри Тошканд фиристода шуд. Дар изҳороти додситони кулли Қирғизистон омадааст, ки панҷ фирории узбакистонӣ бо доштани нақш дар куштори додситони Андиҷон Ғанӣ Абдураҳимов дар моҳи маи соли 2005-ум муттаҳам мешаванд.


Соли гузашта Ҷаҳонгир Мақсудов, Ёқуб Тошбоев, Одилҷон Раҳимов, Расулҷон Пирматов ва Тайоз Тоҷихалилов баъди таъқиби гирдиҳамоиҳои Андиҷон аз ҷониби нерӯҳои амниятии Узбакистон ба Қирғизистон фирор карда буданд. Идораи умури паноҳадагони Созмони Милал ба чор нафари онҳо мақоми расмии фарди мунтазири ҳаққи паноҳандагиро тақдим кард, вале сарфи назар аз он мақомоти Қирғизистон фирориёнро ба Узбакистон таслим намуданд.


Ба қавли мақомоти Қирғизистон, Узбакистон ваъда додааст, ки Қирғизистонро аз ҷараёни таҳқиқ комилан огаҳ мекунад.
XS
SM
MD
LG