Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи гумонбарон ба қатли афсарон ва як таркиш дар Душанбе


Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи як гурӯҳ аз аъзои Ҳаракати исломии Узбакистонро оғоз кардааст Дар миёни ин афрод як нафар узви ҲНИТ низ муҳокима мешавад.


Муҳаммадалӣ Юсуфов, сухангӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон бо тайиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ёздаҳ узви гурӯҳи Ҳаракати исломии Узбакистон аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ва додситонӣ ба қатл, роҳзанӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва таъсиси гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ муттаҳам шудаанд. Тибқи далелҳои пешовардаи мақомоти тафтишотӣ, аъзои ин гурӯҳ аз ҷумла дар қатли ду афсари Вазорати умури дохила ва Вазорати дифои Тоҷикистон ва инфиҷор дар назди Вазорати умури изтирорӣ даст доштаанд.


Ба гуфтаи мақомоти Додгоҳи олӣ, баррасии парвандаи мазкур дар додгоҳ дар моҳи июн оғоз гашта, вале барои тафтиши дубора ба додситонӣ бозгардонида шуда буд. Ва дар ибтидои баррасии ин парванда додгоҳ ду нафар аз аъзои ин гурӯҳро бинобар ҷой надоштани ҷиноят дар амалашон табраа ё сафед кардааст. Ин ду нафар муаллимони як мактаб дар ноҳияи Панҷ будаанд, ки ба додани шаҳодатномаи таҳсилоти ҳамагонӣ ба аъзои ҲИУ гумонбар мешуданд. Дар миёни 11 нафар муттаҳамон як нафар узви ҲНИТ низ барои ҳамкорӣ бо ҲИУ муҳокима мешавад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG