Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри дубораи «Суғд» бо номи «Суғдиён»


Ҳафтавори «Суғд», танҳо нашрияи мустақили сиёсиву ҷамъиятӣ ба забони тоҷикӣ дар вилояти Суғд , ки дар пайи камбуди молӣ дар моҳи майи соли равон худро муфлис эълон карда буд, бо дастгирии ҳукумати вилоят бо номи нави «Суғдиён» чопи худро аз сар гирифт.


Абдулмаҷиди Бобоҷониён, сардабири ин нашрия мегӯяд, кӯшишҳои бебарори панҷмоҳа барои пайдо кардани сарпараст нашрияи «Суғдиён» - ро водор сохт, худро дар зери боли ҳукумати маҳаллӣ бигирад, аммо ин ба ҳеҷ ваҷҳ мақоми мустақили онро халалдор нахоҳад кард. Ӯ гуфт, ҳукумат ба нашрия кӯмаки молӣ намекунад, балки ба корхонае тавсия кардааст, ки нашрияро сарпарастӣ кунад. Ҳамакнун, нашрия ин корхонаро таблиғ мекунад, корхона нашрияро бо маблағ таъмин менамояд.


Ба гуфтаи оқои Бобоҷониён, то соли нави милодӣ нашрияи «Суғдиён» дар ду ҳафта як маротиба табъ мешавад, аммо аз оғози соли оянда ба чопи ҳарҳафтаӣ мегузарад.


Нашрияи мустақили «Суғдиён» шаш сол пеш дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд бо номи «Суғд» арзи вуҷуд карда, тайи ин муддат бо дастгирии молии намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон (САҲА) ва Бунёди дастгирии демократия дар Амрико (NED) маъмулан бо теъдоди то як ҳазор нусха нашр мешуд. Дар давоми ду соли ахир ҳамчунин замимаи ин нашрия бо номи «Суғдиён» мунтазам ба дасти хонанда мерасид.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG