Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносони афғон минрубони тоҷикро омӯзиш медиҳанд


Як ҳайат аз коршиносони Муассисаи минрубии Афғонистон, бо ҳадафи табодули таҷриба ва ироаи кӯмакҳои фаннӣ ба Маркази миллии минрубии Тоҷикистон вориди ин кишвар шудааст.
Бино ба иттилоъи Маркази миллии минрубии Тоҷикистон қарор аст мутаххасисони афғон дар омода сохтани коршиносони ҳирфавӣ ба Маркази милиии минрубии Тоҷикистон кӯмак расонанд.Ҳаётулло Ҳаёт раҳбари ҳайати гурӯҳи минрубони афғон дар сӯҳбати саҳифаи интернетии радиои Озодӣ гуфт ниҳоди онҳо 16 сол боз дар саросари манотиқи Афғонистони ҷангзада машғул ба фаъолият аст ва тайи ин муддат тавонистааст ҳудуди 356 ҳазор километри мураббаъ қаламрави минкорӣ шудаи ин кишварро поксозӣ кунад.
Оқои Ҳаёт афзуд муасссиаи онҳо аз як сол қабл бо Маркази миллии минрубии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
Ибтидои соли равон як гурӯҳи 20 нафараи минрубони тоҷик бо мусоидати ҳамтоёни афғони худ дар Кобул давраи ду моҳаи бозомӯзиро гузаштанд. Ҳамчунин Муассисаи минрубии Афғонистон мусоидат кардааст, ки Маркази милллии минрубии Тоҷикистон барои нахустин бор соҳиби сагҳои тамрин дидаи минҷӯ гардад. Дар ҳоли ҳозир Маркази минрубии Тоҷикистон аз ин сагҳо зимни амалиёти барчидани минҳо истифода мекунад.
XS
SM
MD
LG