Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$: Дар ҷаҳон рӯ ба поён, дар Тоҷикистон рӯ ба боло


Мирзо Мавлонов, корманди Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, боло ё поён рафтани пули миллии сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ аз он вобастааст, ки тақрибан наваду ҳашт дарсади қарордодҳои муносибатҳои хориҷии Тоҷикистон бо доллар анҷом дода мешавад:

Мирзо Мавлонов: «Қурби асъори миллӣ дар кишвар ҳамчун низоми шинокунандаи танзимшаванда муайян шудааст. Сабаби он ки дар миқёси ҷаҳонӣ қурби доллар пасттар мераваду дар кишвари мо нисбат ба асъори миллӣ ва хориҷӣ мустаҳкам мешавад, ин пеш аз ҳама аз хусусиятҳои савдои хориҷии мо вобаста мебошад».

Феълан, ба таври расмӣ 1 доллари амрикоӣ ба 3 сомонию 39 дирам баробар шудааст, аммо дар бозор як доллар муодили 3 сомонию 44 дирам мебошад.

Дар ҳамин ҳол, Назаралӣ Хоналиев, як иқтисоддони тоҷик мегӯяд, дар кишвар ҳукумат аз болои нархи мол дар бозорҳои ҷумҳурӣ назорат намекунад. Ба бовари ӯ, ҳамчунин истеҳсоли ками молҳои дохилӣ сабаб шудааст, то қурби асъори хориҷӣ, бахусус доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ болотар равад.

Назаралӣ Хоналиев: «Нарх дар бозорҳои ҷумҳурӣ барои чӣ аз доллар ва ё евро вобаста аст? Чунки тоҷирон бисёр маҳсулотро аз дигар давлатҳо меоранд. Аммо замоне шоҳиди он будем, ки доллар нисбат ба сомонӣ паст шуда буд, вале нарх не».

Қурби расмии сомонӣ дар баробар асъори хориҷӣ дар таърихи 14 ноябр:

Як доллари ИМА - 3,3944,
Даҳ рубли Русия - 1,2752,
Сад сӯми ӯзбакӣ - 0,2751
Як евро - 4,3666

Дар бозорҳои Тоҷикистон мардуми оддии ин кишвар аз болоравии қурби доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ дар ташвишанд. Аксари онҳо мегӯянд, дар дохили кишвар чун маоши кам мегиранд, бисёр мехоҳанд, ки асъори миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ болотар бошад. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар робита ба ин масъала чунин андеша дорад: «Маоши ночизе, ки ба андозаи 100 сомонӣ мегирам дар баробари боло рафтани доллар ва баланд шудани нарх дар бозорҳо маро асабонӣ мекунад, аммо илоҷи дигаре ҳам надорем»
XS
SM
MD
LG