Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси хабарнигори тоҷик бо корманди бонк


Ҷамила Ҳусейнова, муовини сардабири нашрияи мустақили «Чархи Гардун» аз ҷониби кормандони «Амонатбонк» дар вилояти Суғд барои як мақолааш дар бораи фаъолияти дафтари ин бонк дар ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров таҳдид ва таҳқир дидааст. Бону Ҳусейнова бо дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе тамос гирифт ва дар идомаи ин ҳарфҳои худ гуфт, мақолааш дар авоили моҳи ноябр дар ҳафтаномаи «Чархи Гардун» чоп шуда буд:


Ҷамила Ҳусейнова: «Ман ба ин ноҳия рафта ҳар бор мебинам, солмандон нафақахӯрон аз соати шаши субҳ то бегоҳ барои гирифтани нафақапулиашон дар дари бонк навбат меистанд, аммо баъди анҷоми соати корӣ ба онҳо мегӯянд, пул нест, пагоҳ биёед. Нафақахӯрон 4-5 моҳ аст, ки нафақаашонро нагирифтаанд.»


Радиои Озодӣ бо дафтари "Амонатбонк" дар вилояти Суғд тамос гирифт. Ҳусниддин Норматов, ки дар замони вуқӯъи ин ҳодиса мудирияти бахши нафақаи «Амонатбонк» дар ноҳияи Бобоҷон Ғаффуровро бар дӯш доштааст ва аммо ҳамакнун масъулияти дигар дар ин бонкро дорад, дар робита ба ин қазия гуфт: «Не, ман ҳақорат накардам вайро ,аммо дар сари қаҳрам гуфтам шуморо ба додгоҳ мекашам. Ман ӯро ба додгоҳ намекашам, аммо аз ин ба баъд эҳтиёт шавад, тӯҳмат накунад.»


Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии хабарнигорони мустақили Тоҷикистон мегӯяд, барои нахустин бор нест, ки кормандони идораҳои давлатӣ рӯзноманигоронро таҳдид мекунанд ва дастрасӣ ба манобеъи хабариро маҳдуд мекунанд: «Тибқи қонунҳои ҷории кишвар ва қавонини байналмилалӣ, рӯзноманигорро ҳангоми иҷрои вазифааш таҳдид кардан ғайриқонунӣ аст.»
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG