Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кобул мушкили худсӯзии занонро баррасӣ мекунанд


Як конфронси байнулмилалӣ дар мавриди худсӯзӣ миёни занон дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон ба кор шурӯъ кард. Адриан Паул, муовини сарвари созмони олмонии Medica Mondiale, ки ба мавзӯъи хушунат алайҳи занон дар Афғонистон машғул аст, гуфт, ҳадаф аз баргузории ин конфронс баррасии худсӯзӣ ва худкушии занон дар кулл ва расидан ба як стротежии фарогир аст. Ӯ мегӯяд, таҳлиле, ки созмони онҳо анҷом додааст, умдатан сифатист, на миқдорӣ. Ӯ мегӯяд, худсӯзӣ ва худкушӣ хилофи пешбиниҳои онҳо на танҳо дар вилоятҳо, масалан, Ҷалолобод, Лугар, Бадахшон, Қандаҳор, балки дар тамоми кишвар саросарӣ шудааст.


Хонум Паул гуфт, фақр, хушунатҳои хонаводагӣ, издивоҷҳои иҷборӣ ва пеш аз вақт - сабабҳои аслии худкушии занон дар Афғонистон маҳсуб мешаванд. Вай гуфт, омори дақиқеро аз теъдоди занони ба худкушӣ дастзада дар Афғонистон дар даст надорад, зеро таҳқиқи ин мавзӯъ танҳо дар се вилояти кишвар - Ҳирот, Кобул ва Вардак бо мушкилоти зиёд сурат гирифтааст.


Шукуфа Анварӣ, як тан аз ширкатдорони конфронс мегӯяд, омори дақиқ ба даст овардан дар мавриди мушкили худсӯзӣ ё худкушии занон дар Афғонистон имконнопазир аст. Ӯ мегӯяд, иллат ҷомеаи суннатии Афғонистон аст, ки мардҳои хона талош мекунанд, худкушии занони хешро пӯшида доранд, то доғе ба обрӯву ҳайсияти хонавода нарасад. Хонум Анварӣ мегӯяд, дар ҳоле, ки дар мавриди омор ба ҷузъ созмонҳои хориҷии дифоъ аз ҳуқуқи зан, Вазорати занони Афғонистон ва дигар мақомоти масъул изҳори беиттилоотӣ мекунанд, коркарди як стротежии фарогир низ имкон надорад.


Дар конфронси байнулмилалӣ дар мавриди худсӯзӣ миёни занон дар Кобул намояндагони кишварҳои Ирон, Тоҷикистон, Узбакистон, Ҳиндустон ва Шри Ланка ширкат мекунанд. Намояндагони кишвари Ироқ бо сабабҳои номаълум ба конфронси Кобул наомадаанд.


Адриан Паул, муовини сарвари созмони олмонии дифоъ аз ҳуқуқи зан мавсум ба Medica Mondiale мегӯяд, худсӯзӣ ва худкушии занон агар дар Афғонистон бештар ба назар мерасад, дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ низ ба як мушкили умда табдил ёфтааст.
Фарҳоди Милод, Кобул
XS
SM
MD
LG