Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони Тоҷикистон дар бораи тазоҳуроти Қирғизистон


Муҳиддин Тоҷиев, ки барои чанд рӯз аст дар ноҳияи Ғончии шимоли Тоҷикистон қарор дорад, мегӯяд, аҳолии ин минтақаи кӯҳӣ аз рӯйдодҳои Қирғизистон бехабаранд. Дар ҳоле, ки куллияи расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ ин воқеаро пешхабари барномаҳои худ карда буданд, имкони маҳдуди аҳолии Ғончӣ барои дастрасӣ ба телевизион ва матбуоти даврӣ онҳоро аз воқеаҳои муҳими ҷаҳонӣ дар канор мемонад. Ба қавли Муҳиддин, дар навоҳии дурдасти ҷумҳурии мо қувваи барқро дар соатҳои муайян медиҳанд. Аз ин рӯ, мардум имкон надорад, ки аз ахбори ҷаҳонӣ дарҳол иттилоъ ёбанд. Гуфтан мумкин аст, ки мардуми ноҳияи Ғончӣ аз тазоҳуроти Қирғизистон пурра огаҳӣ надоранд.

Муҳиддин Тоҷиев, корманди сафорати Бритониё дар Душанбе, дар ташреҳи воқеаҳои ахири Қирғизистон гуфт, ҳоло ҷавонони қирғиз як гоми устуворе ба сӯйи демократияи воқеӣ гузоштаанд. Ба бовари ӯ, тазоҳуроти мардуми Қирғизистон, ки бе хушунату хунрезӣ сурат гирифтааст, дарси хубе ҳам барои соҳибдавлатони ин кишвар ва ҳам барои дигар намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Муҳиддин Тоҷиев мегӯяд, албатта, фикр мекунам ва умед дорам, ки пас аз рухдоди чунин воқеаҳо намояндагоне, ки дар сари ҳукумати Қирғизистон нишастаанд, ба як хулосаи зарурӣ меоянд ва аз раиси ҷумҳури ин кишвар шурӯъ карда, кӯшиш менамоянд, ваъдаҳои ба халқ додаи худро дар амал татбиқ намоянд.

Аммо ҷавонҳои шаҳри Душанбе назар ба манотиқи рустову кӯҳистони кишвар аз рӯйдодҳои ахири Қирғизистон иттилоъи бештар доштаанд. Аксар ҳамсолонам гуфтанд, онҳо иттилоъро аз шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ ва сомонаҳои интернетӣ дарёфт намудаанд, чунки мисли ҳамеша ҳама расонаҳои давлатӣ дар ин замина хомӯширо ихтиёр кардаанд. Насрулло Тӯйчизода, як донишҷӯйи тоҷик гуфт, ҳодисаи охири Қирғизистон воқеаи нодир нест, яъне дар кишварҳои демократӣ ҳама гуна тазоҳурот метавонад рух диҳад. Ба андешаи ӯ, ин тазоҳурот пеш аз ҳама ба ҷавонон таъсири худро расонид. Аз тариқи оинаи нилгун дидем, ки чӣ хел ҷавонони ин кишвар норозигии худро баён мекарданд. Фикр мекунам, тазоҳурот ҷанбаи мусбат ҳам дорад, зеро ба ин тартиб мардум аз ҳуқуқи худ огоҳ мешаванд ва дар ҳолати зарурӣ метавонанд аз худ дифоъ кунанд.

Аммо иддае дигар аз ҷавонони тоҷик тазоҳуроти Қирғизистонро маҳкум мекунанд ва мегӯянд, тазоҳурот дар бисёр ҳолат одамонро ба майдонҳо мекашонад ва ба гурӯҳҳо тақсим менамояд. Аксари онҳо бо ишора ба рӯйдодҳои солҳои навадуми Тоҷикистон аз гирдиҳамоиҳои мардум ба унвони падидаи номатлуб ёд мекунанд.

Вале Фаррухрӯзи Тоҳир, як тан аз ҷавонҳои Душанбе мегӯяд, тазоҳурот амали хуб аст, агар дар пайи худ хушунату ҷангу бесуботиро надошта бошад. Ба гуфтаи вай, мардуми қирғиз ду сол аст, ки ба инқилобу тазоҳурот одат кардаанд, аз ин рӯ, ба ҳамаи камбудҳои давлат норозиии худро ба тарзи гирдиҳамоӣ баён мекунанд.
XS
SM
MD
LG