Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳое ҷиҳати рафъи камбуди омӯзгорон дар Хатлон


Идораи маорифи Хатлон ҳудуди 1.000 донишҷўи соли панҷуми донишгоҳҳои вилоятро барои як сол ба макотиби миёнаи 25 ноҳияи минтақа ба ҳайси омўзгор равона кард.


Сафарбек Тағойбеков, муовини сардори Идораи маориф ба радиои «Озодӣ» гуфт, феълан, макотиби таҳсилоти ҳамагонии Хатлон ба 3,5 ҳазор омўзгор ниёз дорад ва бо ин ки хатмкунандагони риштаҳои омўзгории донишгоҳҳо ба кори мактабҳо ҷалб мешаванд, то андозае мушкили камбуди омўзгорон ҳал хоҳад шуд. Ӯ гуфт, хатмкунандагон ҳамчун коргари асосӣ қабул ва пурра бо маош таъмин мешаванд ва барои онҳо мувофиқи имкониятҳо шароити манзилӣ низ фароҳам оварда мешавад. Оқои Тағойбеков гуфт, ҳар сол дар вилоят аз панҷ то ҳафт ҳазор нафар шумораи хонандагон зиёд мешавад ва ин зарурат ба 300-500 нафар омўзгори навро ба миён меорад.


Рустам Байрамов, донишҷўи соли панҷуми факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Қўрғонтеппа мегўяд, ўро ба яке аз мактабҳои ноҳияи Вахш барои кор равона кардаанд. Ба Рустам ва ҳамсабақонаш ваъда шудааст, ки хобгоҳ, маводи ғизоӣ ва музди меҳнат дода мешавад.


Тибқи иттилоъи мақомот, музди миёнаи моҳонаи омўзгор дар Хатлон 120 сомониро ташкил медиҳад. Шумораи умумии толибилмони макотиби таҳсили ҳамагонӣ беш аз 600 ҳазор нафар буда, ба онҳо 31 ҳазор омўзгор таълим медиҳад. Соли ҷорӣ 15 мактаби ҷадид бунёд шудааст, аммо ҳанўз мактабҳое мавҷуданд, ки дохили манзилҳои шахсӣ ва вагонҳо ҷойгир шудаанд ва дар баъзе навоҳӣ дарсҳо дар се баст доир мешаванд. Шумори мактабҳои садамавӣ ба 115 расидааст, ки низ мушкили таълимро бавижа дар мавсими сармо афзун мекунад.
Носирҷони Маъмурзода, Қўрғонтеппа
XS
SM
MD
LG