Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷонибдорони Маҳмудро меҷӯянд


yv

Раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон 29 ҷонибдор ва узви гурўҳи сарҳанги шўришгар Маҳмуд Худойбердиевро дар пайгарди қонунӣ қарор додааст.


Бобохон Бобоҷонов, масъули бахши кофтукови ҷиноии раёсати умури дохила бо тасдиқи ин хабар гуфт, ин далел, ки афроди ҷустуҷўшаванда феълан на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон ба сар мебаранд, низ истисно намешавад. Ба гуфтаи ҷаноби Бобоҷонов, қисме аз афроди дар пайгард қарордошта дар бенизомӣ ва тахрибкориҳои соли 1997-и Қўрғонтеппа ва 9 нафари дигар дар кўшиш ба табаддулоти давлатӣ муттаҳам дониста мешаванд.


Ба гуфтаи манбаъ аз раёсати умури дохила, дар соли ҷорӣ чаҳор узви пайвастаи гурўҳи Маҳмуд Худойбердиев аз сўйи ин ниҳод боздошт шудаанд. Як нафари онҳо дар Шаҳритус ва дигарон дар Қабодиён дастгир шудаанд. Додситонии Хатлон алъон нисбат ба ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз ва ба таҳқиқи он шурўъ кардааст. Додситонӣ мегўяд, ояндаи наздик парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиев ба додгоҳи низомии минтақа ирсол хоҳад шуд.


То ин вақт додгоҳи низомӣ дар Қўрғонтеппа панҷ узви гурўҳи Худойбердиевро ба мўҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кардааст.
Носирҷони Маъмурзода, Қўрғонтеппа
XS
SM
MD
LG