Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалдорони Хатлон саркашӣ мекунанд?


Қўрғонтеппа

Идораи андозситонии вилояти Хатлон аз иҷро нашудани қарори раиси ҷумҳур дар бораи сабти қонунии моликияти мансабдорон изҳори нигаронӣ мекунад.

Ҳабибулло Зоиров, масъули идораи андоз мегўяд, собит кардани ин далел, ки кадом як моли ғайриманқул ба ходими давлатӣ мансуб аст, кори саҳл нест, бо ин вуҷуд аксаран мансабдорон моликияти худро бо мақсади насупоридани андоз пинҳон мекунанд. Ба гуфтаи ҷаноби Зойиров, ҳарчанд раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов дар паёмаш ба Маҷлиси Олӣ таъкид кардааст, ки мансабдорон бояд моликияти худро расмӣ гардонанд, аммо бо гузашти беш аз ним сол ходимони давлатии Хатлон аз ин таъкиди Президент сарфи назар карданд ва ба дороии худ иқрор намешаванд.

Ҳабибулло Зоиров: «То ҳоло ягон шахси мансабдор мардак барин омада қоил нашудааст, ки ана ҳамин корхона, ё тарабхона ё ҳамин манзил аз они ман аст ва ман андозашро месупорам. Ҳоло бисёриҳо моликияташро ба номи хешу таборашон мегузаронанд»

Дар ҳамин ҳол, иқтисоддонон мегўянд, эҳтимолан ходимони давлатӣ бинобар набуди амнияти иқтисодӣ дар кишвар дастури раиси ҷумҳурро нодида гирифтаанд. Таҳлилгари иқтисодӣ Аслами Муллофайзӣ бар ин назар аст, ки ҷиҳати иҷрои амри Президент бояд як кумиссиюни махсуси ҳукуматӣ созмон дода шавад.

Аслами Муллофайзӣ: «Пас аз пешниҳоди президент бояд ҳукумат як комиссия ташкил медод ва раванди иҷрои дастури раиси ҷумҳурро назорат мебурд. Аз тарафи дигар, агар мансабдорон қасру кўшки мўҳташам дошта бошанд ҳам, пас аз чанд соли дигар андоз аз ин моликият то ба дараҷае боло хоҳад рафт, ки дигар онҳо аз моликияти худ даст мекашанд ва ин манзилҳо моли давлат мешаванд»

Ва аммо мақомоти пулиси андози Хатлон мегўянд, ҳарчанд дар робита ба рўпўш кардани моликият нисбат ба мансабдорон парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст, аммо феълан умури тафтишотӣ ҷараён дорад. Музаффар Ҷабборов, муовини сардори пулиси андоз гуфт, далелҳои соҳибмулк будани баъзе амалдорон ҳарчанд феълан собитнашавандаанд, аммо вуҷуд доранд.

Ҳамакнун, ҳар нафаре, ки азми ба мақомоти расмӣ ба кор омадан дорад, нахуст бояд эъломияи моликияти шахсияшро пешниҳод намояд.
XS
SM
MD
LG