Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъули ҲХДТ муҷозот мешавад?


Бахши Ҳизби халқӣ - демократӣ дар вилояти Хатлон аз амалиёти ба гуфтаи бахши вилоятии ҳизб ғайриқонунии иддае аз масъулини созмонҳои ибтидоии ҲХДТ дар навоҳии вилоят изҳори нигаронӣ кардааст.


Ба унвони устондори Хатлон, ҳамзамон раиси созмони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Амиршо Миралиев аз номи гурўҳи омўзгорони ноҳияи Мўъминобод, 160-километрии Душанбе, номаи дод расидааст, ки дар он аз қонуншикании раиси созмони Ҳизби халқии демократӣ дар ин ноҳия шикоят меравад. Амиршо Миралиев дар як ҷаласаи ҳукуматӣ гуфт, ҷаноби Паҳлавонов, масъули бахши ҲХДТ дар ноҳияи Мўъминобод бо истифода аз мақоми хидматияш компутар ва фанноварии дигаре, ки ба муассисаҳои таълимӣ ихтисос дода шудааст, моли худ кардааст.


Амиршо Миралиев: «Ба ман шикоят расид, ки Паҳлавонов як компутару як принтер, ки аз фонди Президент ба мактабҳои Мўъминобод расидааст, зўран аз худ кардааст. Беш аз 1400 сомонӣ. Мо безорем аз ин хел аъзо ва раиси ҳизб».


Устондори Хатлон ҳамзамон ба додситони вилоят супориш дод, то ба ин қазия расидагӣ намуда ва масъули Ҳизби халқии демократӣ дар ноҳияи Мўъминободро ба муҷозот кашад. Муҳаммадамин Ҳисориев, муовини аввали додситони Хатлон гуфт, феълан тафтиш аз рўйи ин далел идома дорад ва дар ҳоле ки он тасдиқ шавад, шахси муттаҳам ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.


Дар идораи маорифи Хатлон иттилоъ доданд, ки ҳанўз барномаи таъмини макотиби Мўъминобод бо компутар пурра иҷро нашудааст. Алъон макотиби таҳсилоти ҳамагонии Хатлон дорои беш аз 1.300 компутаранд.
Носирҷони Маъмурзода, Қўрғонтеппа
XS
SM
MD
LG