Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйири самти ҳамкории IMF бо давлати Тоҷикистон


Дафтари Сандуқи байналмилалии пул дар Тоҷикистон аз тағйири наҳваи ҳамкории худ бо ҳукумати ин кишвар хабар додааст.


Дар баёнияе, ки Сандуқи байналмилалии пул ба ин хотир интишор додааст, гуфта шудааст, бо тақозои давлати Тоҷикистон ин ниҳод дигар ба иҷрои барномаҳои қарзӣ дар ин кишвар нахоҳад пардохт. Баёнияи мазкур афзудааст, дар иваз Сандуқи байналмилалии пул ба ҳамкории худ бо Тоҷикистон шакли нав мебахшад ва он дар чаҳорчӯби барномаи абзори ҳимоят аз сиёсати пуливу иқтисодӣ идома меёбад. Гуфта мешавад, чунин тасмим дар пайи мулоқоти ахири Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагии Сандуқи байналмилалии пул қабул шудааст.


Дар баёнияи мунташираи Сандуқи байналмилалии пул омадааст, барномаи нави ин ниҳод, ки қарор аст, дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардад, моҳи октябри соли 2005 таҳия шудааст ва он барои кишварҳои фақир ва ё он даста аз кишварҳое, ки ба кӯмаки Сандуқи байналмилалии пул ниёзе надоранд, таҳия шудааст.


Дар ҳоли ҳозир, Сандуқи байналмилалии пул ҳеҷ гуна барномае дар Тоҷикистон зери даст надорад. Охирин тарҳи кӯмаки молии дар ихтиёри давлати Тоҷикистон вогузоштаи ин созмон 65 миллион доллари амрикоиро ташкил медод ва он моҳи феврали соли 2006 ба иҷро расид. Моҳи январи соли 2005 бар асоси тасмими Шӯрои мудирони Сандуқи байналмилалии пул ин ниҳоди бонуфузи молӣ 103 миллион доллар маблағи қарзи Тоҷикистонро бахшид. Феълан қарзи давлати Тоҷикистон дар баробари Сандуқи байналмилалии пул 43,8 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG