Пайвандҳои дастрасӣ

Тамдиди таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Узбакистон


Утоқи хабарии Радиои Озодӣ ИА (Иттиҳодияи Аврупо) рӯзи душанбе, 13 ноябр қарор кард, ки таҳрими фурӯши аслиҳа ба Узбакистонро то 12 моҳи дигар тамдид кунад.

Бруксел ин таҳримотро алайҳи Узбакистон соли гузашта дар пайи рӯйдодҳои хунини Андиҷон ҷорӣ карда буд.
Узбакистон мегӯяд, дар ҷараёни фурӯ нишондани ошӯби Андиҷон 187 нафар кушта шудаанд. Фаъолони ҳуқуқи башар аммо шумори қурбониҳои Андиҷонро садҳо нафар мегӯянд. Тошканд дар пайи он ҳаводис тақозои кишварҳои Ғарб дар бораи анҷоми таҳқиқи байналмилалии рӯйдодҳои Андиҷонро радд кард, ки ин як далели ҷорӣ шудани таҳримот алайҳи Узбакистон, аз ҷумла аз сӯи ИА шуд.

Шӯрои ИА, масъули қабули қарорҳои муҳими ин созмон, дар баёнияаш гуфта, ки манъи ироаи раводиди сафар ба мақомоти муттаҳам ба даст доштан дар ҳаводиси Андиҷон низ то 6 моҳи дигар тамдид карда хоҳад шуд. Шӯрои ИА гуфта, ки нигарониҳои асосиаш дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон ба гунае, ки буд, боқӣ мондааст.
ИА аз Узбакистон ҳамчунин даъват карда, ки ӯҳдадориҳои байналмилалиаш дар робита ба ҳуқуқ ва озодиҳои аслии башарро пурра муроот кунад. Шӯрои ИА гуфтааст, ба хотири кӯмак ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон қарор карда, ки равобити фанниро бо раҳбарияти он кишвар аз сар бигирад.

Перр Морел, фиристодаи хоси ИА дар умури Осиёи Марказӣ ба бахши узбакии Родиёи Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ин тасмим ба шароити имрӯза мувофиқ гардондани режими таҳримот мебошад: "Матни қарор худаш гӯёст. Он ҳама ҷузъиёт, ҳама паҳлуҳои мусбату манфиии вуруд ба марҳалаи нави равобит бо Узбакистонро ба таври бояду шояд ба ҳисоб мегирад. Он ҳамкориии муштарак ба хотири беҳбуди мушаххас ва сареъи вазъи ҳуқуқи башар ва ҳамзамон аз роҳи нодуруст пеш рафтани бисёр масоил ва силсилаи тадобир ба ин манзурро ҳам дар бар мегирад. Ин як мавзеъи мобайнист ба хотири расидани сареътар ба ҳадафҳо."

Вошингтон аз тасмими дирӯзаи ИА истиқбол карда ва вазорати хориҷаи Амрико ахиран Узбакистонро шомили феҳрасти кишварҳое кардааст, ки озодиҳои мазҳабиро ба таври густарда поймол мекунанд. Амрико мегӯяд, вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Узбакистон имсол бадтар шудааст.
XS
SM
MD
LG