Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Ироқ дар Душанбе


Далер Бойтурсунов аз Қирғизистон, ки имкон дошт, барои ду соат нақши узви Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳидро аз ҷониби Амрико бибозад, гуфт, манофеъи ин давлатро бо назардошти ҳадафу хостҳои ҷомеъаи башарӣ ҳимоя мекард.

«Мо ҳамчун намояндаи Амрико зимни ҳалли масъалаҳо, онро нахуст таҳлил ва баъд муаррифӣ мекунем. Зимни баромад ҷониби мо кӯшиш мекунад, ки бо мақсади ҳифзи сулҳ дар ҷаҳон қарореро ба тасвиб расонад. Аммо ин дар шакли бозии мубоҳисавӣ сурат мегирад. Оид ба сиёсати кунунии хориҷии Амрико бошад назари ман чунин аст, ки раисҷумҳур Ҷорҷ Буш шояд оқибатҳои баъзе аз қадамҳояш пешбинӣ накардааст. Тавре мегӯянд, хатарноктарин чиз ин аст, ки мо имкониятҳои худро медонем аммо оқибатҳои ин имконоти худро пешбинӣ карда наметавонем.»

Дар паҳлуи Далер, дар нишасти ба истилоҳ СММ дар Душанбе, инчунин ҷавонони Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Тоҷикистон ширкат карданд. Ин нишаст, ки ҳафтаи гузашта тайи ду рӯз бо ташаббуси Институти ҷомеаи боз - Бунёди Сорос баргузор шуд, ҳадаф дошт, тарзи фикррониву малакаи таҳлилии ҷавононро дар масоили сиёсати байналмилалӣ, баррасии фаъолият ва тасмимҳои СММ-ро аз нигоҳи ҷавонон дар миён гузорад.

Ширкатдорон, ки шумораашон ҳудудан 100 нафар буд, дар нақши намояндагони давлатҳои Осиёи Миёна, Африқои Шимолӣ, Ховари Миёнаву кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар СММ иштирок карданд. Яке аз масъалаҳои мавриди баҳси нишасти шартии СММ дар Тоҷикистон, ҷанги Ироқ буд. Аксарият аз ҳалокати мардуми бегуноҳи мулкӣ дар ин кишвар ва бӯҳрони баамаломада изҳори ташвиш мекарданд.

Дар баробари ин, ҷавонон таъкид намуданд, ки нақши СММ чун як ниҳоди байналмилалӣ дар мубориза бо фақру бӯҳронҳои башарӣ ҳанӯз ҳам хеле муҳим боқӣ мемонад. Ноҳид Вартанова, духтараки арманӣ дар ин замина гуфт, ки ӯ чун як сокини ин сайёра фикр мекунад, дар бунёди ҷомеаи муосири бидуни мушкилот нақши ӯву ҳамсолонаш хеле муҳим мебошад

«Боиси хурсандӣ аст, ки ин қадар донишҷӯён аз кишварҳои мухталиф дар ин ҷо ҷамъ омада саҳми худро дар баррасии мавзӯъҳо мегузаронанд. Бовар кунед чунин изҳорот ва ё ҷамъомадҳои ҷавонон беасар нестанд. Натиҷаи кори худро мо дар фаъолияти ин ё он мақомот ва ё бунёди ҷомеъаи мусоир мушоҳида мекунем. Ва метавонем бигӯем, ки дар сохтори ҷомеъаи навин мо ҳам даст дорем.»

Барои бархе ҷавонони тоҷик бошад, ин нишаст бештар барои табодули назар ва омӯзиши ҳунари мунозира хеле муфид будааст. Ба гуфти Баҳодур Умаров, донишҷӯи Донишгоҳи технологии шаҳри Хуҷанд, ҷавонон имкон ёфтаанд, ки малакаҳои суханварӣ ва тафаккури интиқодии худро такмил кунанд.

«Ҳамин хулосаро баровардам, ки байни ҷавонон дар ҷаҳон новобаста аз забон ва миллат фикру ақидаҳои якхела ҳастанд. Ҳама ҷавонон мехоҳанд ки дар фазои ором ва мусоид таҳсил ва зиндагӣ бикунанд.»

Дар назар аст, ки конфронси дуюми байналмилалии ҷавонон оид ба нақши СММ дар ҷаҳон дар фурсати наздик боз ҳам дар Тоҷикистон баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG