Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи шаҳри Маскав шикояти чеченҳо аз Вазорати дифоъи Русияро баррасӣ мекунад


Бино ба гузориши расонаҳои Русия, додгоҳи шаҳри Маскав шикояти як гурӯҳ аз сокинони Чеченистонро баррасӣ хоҳад кард, ки Вазорати дифоъи Русияро ба додгоҳ кашидаанд.


Тибқи гузоришҳо, 41 сокини деҳаи Бороздиновское аз Вазорати дифоъ, барои хисороте, ки нерӯҳои махсуси Русия як сол пеш ҳангоми амалиёт дар ин деҳа ба бор овардаанд, тақрибан 5 миллион доллар ҷуброн талаб доранд.


Сокинон мегӯяд, ки дар пайи он амалиёт як нафар кушта ва 11 тани дигар бенишон шуданд. Даҳҳо сокини авартабори ин русто ба ҷумҳурии Доғистони ҳамсоя фирор кардаанд.


Як сарбози Русияро баъд аз он амалиёт барои сӯистифода аз мансаб маҳкум ва аз ишғоли мансаб барои се сол маҳрум карданд. Нерӯҳои Русия мегӯянд, ки куштор ва одамрабоӣ дар ин русто амали дасти тундравон будааст, на нерӯҳои Русия.
XS
SM
MD
LG