Пайвандҳои дастрасӣ

Тамдиди манъи фурӯши силоҳ ба Узбакистон


Иттиҳодияи Аврупо имрӯз ( 13 ноябр) раъй дод, то таҳримоти фурӯши силоҳ ба Ӯзбакистон то 12 моҳи дигар тамдид шавад.


Ин таҳримот баъд аз ошӯбҳои хунин дар шаҳри Андиҷон ба Ӯзбакистон эъмол шуда буд. Дар баёнияи расмии Шӯрои Аврупо, ниҳоди тасмимгири Иттиҳодияи Аврупо гуфта шудааст, ки таҳрими қатъи раводид ба мақомоти Ӯзбакистон то шаш моҳи дигар тамдид хоҳад шуд. Ин Шӯро мегӯяд, ҳанӯз ҳам аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Ӯзбакистон амиқан нигарон аст. Шӯрои Аврупо ҳамчунин аз ҳукумати Ӯзбакистон хостааст, то тааҳҳудоти байналмилалиаш дар робита ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдиро иҷро кунад.


Ин Шӯро бино бар қавли худаш, ба хотири беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон , қарор карда буд, то тамосҳои техникӣ бо раҳбарони Ӯзбакистонро аз сар бигирад. Баъд аз он ки Ӯзбакистон иҷоза надод, дар робита ба ошӯбҳои Андиҷон таҳқиқоти мустақили байналмилалӣ анҷом шавад, Иттиҳодияи Аврупо ба зидди ин кишвар таҳрим эъмол кард.


Ба гуфтаи мақомоти Ӯзбакистон дар ин ошӯб, ки амали дасти тундгароёни исломӣ буд, 187 нафар кушта шуданд. Аммо ба қавли созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, дар ҷараёни ин ошӯб нерӯҳои ҳукуматӣ ҳангоми таҳти контрол даровардани шаҳр садҳо нафар мардуми осоиштаро куштанд.
XS
SM
MD
LG