Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйи Осетияи Ҷанубӣ ба ҷонибдорӣ аз истиқлол


Кумиссиёни интихоботии Осетияи Ҷанубӣ мегӯяд, 99 дар сади раъйдиҳандагони ин минтақаи ҷудоихоҳ ба ҷонибдории истиқлолият аз Гурҷистон раъй додаанд.


Раиси кумиссиён Бела Плиева гуфт, ки дар раъйпурсии рӯзи якшанбе ( 12 ноябр) аксарияти раъйҳо шумурда шудаанд ва танҳо чанд деҳаи дурдасте мондааст, ки раъйи сокинони онҳо ношумурда боқӣ мондааст. Бону Плиева гуфт, дар раъйпурсии рӯзи якшанбе Эдуард Кокойтӣ пирӯзии комилро ба даст овардааст ва ҳамингуна дар раъйпурсӣ мардум 100 % ба ҷонибдории истиқлолият раъй додаанд.


Гурҷистон ва ҷомеаи байналмилалӣ мегӯянд, ки натиҷаҳои ин раъйпурсиро нодида хоҳанд гирифт. Вале Русия мегӯяд, ки раъйпурсиро бояд пазируфт.


Осетияи Ҷанубӣ бо ҷамъияти 70 ҳазор нафар, пас аз ҷанги хунини авоили соли 1990 худро аз Гурҷистон мустақил эълон кард, вале ҳеҷ кишваре онро ба расмият намешиносад.


Дабири кулли Шӯрои Аврупо Террӣ Девис гуфт, раъйпурсӣ дар Осетияи Ҷанубӣ нодаркор, нозарур ва номунсифона буд. Вай афзуд, ки натиҷаҳои онро ҷомеаи байналмилал нахоҳад пазируфт.
XS
SM
MD
LG