Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Эмомалӣ Раҳмонов бо номзадҳои нокоми интихоботӣ


Чор номзади нокоми интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмонов, барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи шашуми ноябр мулоқот карданд.


Исмоил Талбаков, Абдулҳалим Ғаффоров, Олим Бобоев ва Амир Қароқулов - номзадҳои собиқи раёсати ҷумҳурӣ гуфтанд, зимни сӯҳбат пирӯзии рақиби худро табрик гуфтаанд. Дар навбати худ, гуфтанд ин номзадҳо, Эмомалӣ Раҳмонов аз онҳо хостааст, ки барномҳои қаблазинтихоботии худро дар ихтиёри ӯ қарор диҳанд, то муҳимтарин нукоти онро мавриди истифода ва амал қарор диҳанд.


Олим Бобоев, номзади собиқ аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон гуфт, омодаи ҳамкорӣ дар ҷиҳати рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳукумат мебошад. Аммо зимни ин мулоқот пешниҳоди мушаххасе дар мавриди ба ӯҳда гирифтани идораи кадом вазорате ба аҳзоб нашудааст.


Ин номзадҳои собиқ бори дигар гуфтанд, аз натиҷаи интихобот қаноатманданд ва интихоботи баргузоршударо шаффоф ва демократӣ медонанд. Аммо Исмоил Талбаков, номзад аз Ҳизби коммунист гуфт, агарчанд чунин мепиндорад, ки интихобот демократӣ буд, вале боз ҳам аз шумориши оро натиҷагирӣ нашуда ва 5 дарсади раъй, ки гуё ҲКТ овардааст, мутмаинан бояд бештар бошад.


Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 6 ноябр, яъне дар як ҳафтаи пеш сурат гирифта буд, ки дар он аҳзоби мухолиф номзад надоштанд. Интихоботи мазкур мавриди таҳрим аз сӯи бархе аҳзоби мухолиф низ қарор гирифта буд, бо ин вуҷуд 92 дарсади раъйдиҳандагон тибқи ахбори расмӣ дар интихобот ширкат карданд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG