Пайвандҳои дастрасӣ

Вошингтон стротежиаш дар қиболи Ироқро бознигарӣ мекунад


Президенти Амрико Ҷорҷ Буш имрӯз бо аъзои кумиссиюни масъули таҳияи сиёсати нави Вошингтон дар қиболи Ироқ мулоқот мекунад. Бино ба хабарҳо, дар ин мулоқот пешниҳоди музокирот бо Эрону Сурия, ки маъмурияти Буш ҳардуро дар барангехтани хушунатҳо дар Ироқ муттаҳам мекунад, матраҳ хоҳад шуд. Гурӯҳи таҳқиқи Ироқ, ки намояндагони ҳарду ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳро дар бар мегирад, қарор аст, гузоришашро дар моҳи декабр нашр кунад. Генерал Питер Пейс, раҳбари ситоди кулли фармондеҳии артиши Амрико низ аз сӯи худ ба таҳияи стротежии нави Ироқ машғул аст.

Демократҳо, ки дар интихоботи ахири Конгресс баранда шуданд, мегӯянд, ки онҳо ба хотири таъйини як ҷадвали замонии хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Ироқ талош хоҳанд варзид. Аммо раҳбари дастгоҳи Кохи Сафед Ҷош Болтен гуфта, ки ҳар навъ тағйири сиёсат бояд таъмини демократияро дар Ироқ тазмин диҳад, ки дар сурати таъйини як ҷадвали маҳдуди замонӣ, ба эътиқоди оқои Болтен, кори мушкиле хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG