Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Осетияи Ҷанубӣ: Қадаме дигар дар роҳи ҷудоихоҳӣ


Утоқи хабарии Радиои Озодӣ

Дирӯз вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ масъалаи истиқлолияташ аз Гурҷистонро дар маърази раъйпурсии саросарӣ гузошт. Раиси Кумиссиюни марказии интихоботи Осетияи Ҷанубӣ Белла Плиева ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки то шом алакай 94 дарсади мардуми воҷиди шароити раъй дар ин назархоҳӣ ширкат кардаанд.
Бино бар натоиҷи назарсанҷиҳои пешакӣ, 99 дарсади райъдиҳандагон аз истиқлолияти Осетияи ҷанубӣ пуштибонӣ кардаанд. Раҳбари ин вилояти ҷудоиталаб Эдуард Кокойта баъди ширкаташ дар интихобот дар маркази вилоят шаҳри Схинвали гуфт, Осетияи ҷанубӣ муборизаи осоиштаро бо талаби истиқлолияти комил идома медиҳад: "Мо натиҷаи назархоҳии соли 1992-ро бори дигар таъйид мекунем. Мо бар ин назарем, ки рафтори мо дуруст аст."

Бисёре мардуме, ки дирӯз дар ҳошияи қитъаҳои раъйдиҳӣ бо хабарнигорон сӯҳбат мекарданд, низ бо талаби истиқлолияти Осетияи ҷанубӣ мувофиқ буданд: "Коре кунем, ки аз Гурҷистон канда шавем. Мо тарафдори ҳаминем." Нодар Кочиев, сокини дигари Схинвали мегӯяд: "Истиқлолият барои мо масъалаи буду набуд аст. Аввал - истиқлолият ва баъд - пайвастан ба Русия."

Бисёри кишварҳо, аз ҷумла Гурҷистону Русия раъйпурсии Осетияи Ҷанубиро ғайриқонунӣ ҳукм карда гуфтаанд, натоиҷи онро эътироф нахоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол, сокинони рустоҳои гурҷинишини Осетияи ҷанубӣ ҳам раъйпурсии дирӯзаро радд ва дирӯз интихоботи раҳбари алтернативии ин вилоятро баргузор кардаанд. Осетияи Ҷанубӣ тақрибан 70 000 ҷамъият дошта, ҳанӯз соли 1992 дар пайи як ҷанги кӯтоҳи хунин худро аз Гурҷистон мустақил эълон карда буд. Вале истиқлолияти онро то ҳол ҳеҷ кишвар эътироф накардааст.
XS
SM
MD
LG