Пайвандҳои дастрасӣ

Сиёсатҳои Амрико дар ду соли оянда


Ин пирузӣ дар ҳоле ба демократҳо муясар шуд, ки то поёни муҳлати раёсати ҷумҳурии Ҷорҷ Буш ду соли дигар боқӣ мондааст. Баъд аз ду сол Ҷорҷ Буш дигар наметавонад худро номзади раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кунад, зеро тибқи Қонуни Асосии Амрико вай ҳақ надорад бештар аз ду давра раиси ҷумҳур бошад. Баъд аз пирӯзии демократҳо дар интихобот акнун баҳсҳо бештар дар атрофи ин меҳвар мечархад, ки ду соли боқимондаи раёсати ҷумҳурии Ҷорҷ Буш чӣ гуна хоҳад гузашт.

Албатта, додани посухи мушаххас ба ин суол душвор аст, вале аксари таҳлилгарони сиёсӣ мегуянд, ки дар ду соли оянда Ҷорҷ Буш нуфузу ҳайсият ва қудратеро, ки то ин дам дошт, кам мешавад. Ба назари таҳлилгарон, ин ду сабаб дорад. Яке ин ки поёни муҳлати раёсати ҷумҳуриаш наздик мешавад ва парвози вай, ба истилоҳи таҳлилгарон, ба парвози паррандае шабоҳат хоҳад дошт, ки пару болаш канда шудааст. Албатта, дар чунин ҳолат парвоз душвор хоҳад буд, зеро Ҷорҷ Буш беш аз пеш зери интиқоди рақибони сиёсиаш қарор хоҳад гирифт. Дуввум, Ҷорҷ Буш бо Когреси кишвараш кор хоҳад кард, Конгресе, ки ҳар ду маҷлиси он дар дасти демократҳост.

Нуктаи дигаре, ки қобили ёдоварист, коҳиши таваҷҷуҳи матбуъоти дохиливу хориҷӣ ба президенти кунунии Амрикост, зеро матбуъот мумкин аст дар ин ду соли боқимонда бештар дунболи ин мавзуъ равад, ки раиси ҷумҳури ояндаи Амрико кӣ хоҳад буд ва имконоту тавонии вай то чӣ андоза аст. Ҳатто мешавад, гуфт, ки дар ин давра муборизаҳои интихоботӣ барои курсии раёсати ҷумҳурӣ тақрибан оғоз мешавад. Таҳлилгарон мегуянд, ҳоло натиҷаҳои интихоботи Конгреси Амрико ва ба нафъи демократҳо тамом шудани он, буи тағиротро дар сиёсати ояндаи Амрико навъе ба истилоҳ бар машоми Ҷорҷ Буш расонд. Худи Ҷорҷ Буш як руз баъд аз интихобот, яъне 8-уми ноябр эътироф кард, ки ҳизби вай аз демократҳо шикаст хурдааст ва вай мехоҳад бо рақибони худ ҳамкорӣ кунад, зеро чунин ҳамкориро мардуми Амрико мехоҳанд:


"Натиҷаҳои ин интихобот ба ҳам наздик буд. Агар шумо ба мусобиқаи дав нигоҳ кунад, давандаҳо ба ҳам наздик буданд. Вале натиҷаҳои умумии интихобот ба ҳам наздик набуд, балки қобили мулоҳиза буд. Бо вуҷуди он, мардум интизор доранд, ки мо бо ҳам кор мекунем".

Роберт Спитзер-устоди улуми сиёсӣ дар донишгоҳи давлатии Нию Йорк мегуяд, мисли гузашта ҳамкории ҳамаҷонибаи конгрес, яъне ниҳоди қонунгузори кишвар ва раиси ҷумҳур мисли гузашта душвор хоҳад буд:


"Дар робита бо далоили оғози ҷанги Ироқ Буш ба интиқодоти рузафзун ру ба ру хоҳад шуд. Вай дар бораи кор дар шароити дуҳизбӣ суҳбат кард, яъне кор бо раҳбарони Демократҳо дар Конгрес. Ман бовар надорам, ки чунин ҳамкорӣ то куҷо хоҳад расид, зеро имкони ҳамкории буш бо Конгрес маҳдуд аст. Вай метавонад ба Конгрес бигуяд, ки вай чӣ мехоҳад ва барои он пофишорӣ мекунад, вале агар пешниҳоди вай ба конгрес писанд наояд, вай маҷбур аст роҳи дигар ҳали масъаларо пайдо кунад".


Назархоҳиҳое, ки двар рузи интихобот, яъне 7-уми ноябр дар баъзе аз ҳавзаҳои интихоботӣ анҷом гирифт, гувоҳӣ медиҳад, ки нигарониҳои мардум аз ҷанги Ироқ ба натиҷаҳои райдиҳии онҳо асар гузоштааст. Ин бад-он маъност, ки ин масъалаи марбут ба сиёсати хориҷии Амрикоро Конгреси нав ва раиси ҷумҳур як ҷо чӣ гуна ҳал мекунанд. Ба ақидаи таҳлилгарон, паси сар кардани мухолифатҳои ҳар ду ҷониб бар сари ин масъала барои ҳар ду ҷониб душвор хоҳад буд. Гузашта аз ин, Конгрес бояд таъйини аъзои кобинаро- яъне вазиронро таъйид ё инкор кунад. Конгрес ҳақ дорад тарҳи будҷаи пешниҳодии раиси ҷумҳурро ба тасвиб расонад ё рад кунад, ҳақ дорад кумисюнҳо ташкил ва ба тарзи истифодаи будҷа расидагӣ анҷом диҳад. Ин омилҳо фишанги қавиест, ки бо истифода аз онҳо конгрес метавонад ба раиси ҷумҳур фишор орад. Оё конгрес аз ин омилҳо истифода хоҳад кард? Таҳлигарон имкони истифода аз чунин имконро аз эҳтимол дур намедонанд.

Аммо тарафи дигари масъала низ ҳаст. Дар чунин шароит фаъолияти Конгрес чӣ тарз хоҳад буд? Оё Конгрес метавонад ҳалли ҳамаи масъалаҳоро дар ихтиёри худ бигирад, яъне раҳбариро? Ин кор тибқи қонунҳои мавҷудаи Амрико ғайримуимкин аст. Тибқи қонун сиёсати хориҷӣ, ба вижа фармондеҳии нируҳои мусаллаҳ, аз салоҳиятҳои раиси ҷумҳур ба шумор меравад, ки он ба ҳузури нируҳои Амрико дар Ироқ низ иртибот мегирад.
XS
SM
MD
LG