Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми боздиди дурӯзаи Лориҷонӣ аз Маскав


Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дирӯз дар пайи мулоқоти раиси ин ҷумҳурӣ Владимир Путин бо раҳбари ҳайъати музокиротии Эрон Алии Лориҷонӣ дар пиромуни Маскав гуфт, ӯ умедвор аст, ки музокироти байналмилалӣ бар сари барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон байни ин кишвар ва 5 узви доимии ША бо изофаи Олмон ба зудӣ аз сар гирифта хоҳанд шуд. Алии Лориҷонӣ тайи 2 рӯзи боздидаш аз Маскав роҳҳалҳои бӯҳрони ҳастаии Эронро бо мақомоти Русия баррасӣ кардааст.

Иттиҳодияи аврупо (ИА) пешниҳод карда, ки дар ғайри сурати аз идомаи талошҳои ғанисозии ураниум даст бардоштани Эрон алайҳи ин кишвар таҳримоти шадид ҷорӣ карда шавад. Русия низ бо тақозои қатъи фаъолиятҳои ғанисозии Эрон мувофиқ аст, вале тарафдори таҳримоти нармтар мебошад. Амрико ва ИА гумон мебаранд, ки Эрон дар зери либоси барномаҳои ҳастаӣ мехоҳад ба тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ даст ёбад. Иддаое, ки Эрон ҳамеша раддаш мекунад ва мегӯяд, ҳадафаш танҳо тавлиди нирӯи ҳастаист.
XS
SM
MD
LG