Пайвандҳои дастрасӣ

Машваратҳои ҳастаии Теҳрон ва Маскав идома меёбад


Алӣ Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ва сарпарасти музокироти ҳастаии Эрон пас аз дидор бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рузи ҷумъа дар Маскав ба хабарнигорон гуфт, ки гуфтушуниди Теҳрон ва Маскав дар мавриди барномаи ҳастаии Ирон идома хоҳад дошт. Оқои Лориҷонӣ ташреҳ кард:

"Мо дар ҷараёни мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба, байналмиллалӣ ва минтақаиро баррасӣ намудем, ҳамчунин дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон табодули назар кардем."

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар маросими ифтитоҳи мулоқот бо Алӣ Лориҷонӣ муҷаддан таъкид кард, ки Маскав хостори ҳалли сиёсии мушкилоти барномаи ҳастаии Эрон аст. Вазири хориҷаи Русия гуфт:

"Мо бо Эрон равобити устувор дорем ва ҳарду кишвар дар чаҳорчуби муқарароти байналмиллалӣ ҳамкорӣ мекунанд."

Дар навбат худ Алӣ Лориҷонӣ эълом кард, ки ҳамкориҳои Теҳрон ва Маскав бунёди раҳбурдӣ доранд. Оқои Лориҷонӣ ҳамчунин гуфт, ки тарҳи пешниҳодии Русия дар мавриди ғанисозии уран барои ниёзҳои ҳастаии Ирон дар Русия ҳамчунон муҳим аст. Дар ҷараёни мулоқот замони анҷомёбии эҳдоси ниругоҳии барқии ҳастаии Бушеҳр низ баррасӣ шудааст.

Дабири шурои олии амнияти милли Эрон ҳангоми вуруд ба Маскав субҳи рӯзи ҷумъа эълом кард, ки агар СММ қатъномаи пешниҳоди кишварҳои урупоро дар мавриди парвандаи ҳастаии Эрон бидуни ислоҳоти Русия ба тасвиб бирасонад, Теҳрон равобити худро бо Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаӣ дигар мекунад.
Ба эътиқоди таҳлилгарони Русия Теҳрон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз хатари таҳримҳои шадиди байналмиллалӣ барои дарёфти пуштибонии Маскав талош дорад.

Сарпарасти музокироти ҳастаии Ирон Алӣ Лориҷонӣ рӯзи ҷумъа дар Маскав бо райси Шурои амнияти миллии Русия Игор Иванов низ дидор ва мулоқот анҷом дод.
XS
SM
MD
LG