Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати русӣ дар Тоҷикистон нафту газ хоҳад ҷуст


Корхонаи «Зарубежнефтегаз» и вобаста ба ширкати русии «Газпром» иҷозаи кашф ва истихроҷи манобеъи газу нафти Тоҷикистонро дарёфт хоҳад кард.


Александр Рязанов, муовини раиси ширкати «Газпром» баъди мулоқоти худ бо Э. Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки ба ин манзур, ширкати «Газпром» дар соли равон ҳудуди 7 миллион доллар масраф карда ва дар назар аст, ки то 12 миллион доллари дигар дар соли оянда ба ин хотир ҳазина шавад. Ӯ гуфт, умед дорад, бо амалӣ сохтани ин барнома чоҳҳои газ ва шояд нафтро пайдо кунанд ва коркард ва истихроҷи онон тавассути корхонаи муштараке, ки дар назар аст бисозанд, иҷро мешавад.


Дар ҳамин ҳол, Заробиддин Файзуллоев, муовини Вазири энержии Тоҷикистон гуфт, то кунун дар заминаи кашфи манобеъ пешравиҳое ҳосил шуда ва то поёни соли равон масъалаи гирифтани шаҳодатнома ва таъсиси корхонаи муштарак низ ҳал хоҳад шуд.


Александр Рязанов, муовини раиси ширкати «Газпром» гуфт, дар мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон масъалаи сохтмони се нирӯгоҳ дар рӯдхонаи Зарафшон низ баррасӣ шудааст. Тарҳи ин нирӯгоҳҳо бо иқтидории маҷмӯъии 600 мегават аз ҷониби як ширкати канадаии «Лавалин» дар ҳоли таҳия аст ва дар сурати таъйиди ин тарҳҳо сохтмони ин нирӯгоҳҳои Зарафшон шурӯъ хоҳад шуд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG