Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе


СД

Дар Тоҷикистон рӯзҳои Иттиҳоди Аврупо шурӯъ шуд, ки то як ҳафтаи дигар идома меёбад. Дар тӯли ҳафт рӯз сокинони кишвар имконият доранд, бо беҳтарин дастовардҳои Иттиҳоди Аврупо дар соҳоти иқтисод, иҷтимоиёт ва фарҳанг, бавижа синамогароӣ ошно шаванд. Маҳбуба Абдуллоева, корманди намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамзамон дар Маркази фарҳангии «Бохтар» ҳафтаи филмҳои аврупоӣ баргузор мегардад. Дар ин зимн, дар назди Донишгоҳи Славянии пойтахт Маркази асноди Иттиҳоди Аврупо ифтитоҳ ёфт.


Ба иттилоъи Адриан Ван дер Меер, раиси намояндагии Кумиссиюни Аврупо дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамакнун барои саввумин бор аст, ки дар Душанбе ҳафтаи Иттиҳоди Аврупо баргузор мегардад. Оқои Ван дер Меер дар сӯҳбати вижа бо Радиои Озодӣ гуфт, Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, ки аз кӯмакҳои башардӯстона дар Тоҷикистон ба тавсеъаи ҳамкориҳо дар самти иҷтимоъиёт ва иқтисод гузарад.


Ба иттилоъи Адриан Ван дер Меер, Иттиҳоди Аврупо ахиран бо Вазорати молияи Тоҷикистон шартномаи нави ҳамкориро барои рушди соҳаи тандурустӣ, маориф ва кишоварзӣ ба маблағи 9 млн Евро ба имзо расонид. Ба суоле дар мавриди он ки оё фасод ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Аврупо таъсири манфӣ надорад, ӯ посух дод:
«Усулан мо аз фасод наметарсем. Зеро мо механизми хуби назорати лоиҳотро роҳандозӣ кардаем. Ва чун бубинем, ки лоиҳа дар самти лозима роҳандозӣ нашудааст, маблағгузориро қатъ мекунем ва воқеан ҳам мо чанд лоиҳаро қаблан дар Тоҷикистон бо ҳамин иллат бастаем»


Иттиҳоди Аврупо шурӯъ аз соли 1992 то соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 160 миллион Евро кӯмаки хайрия кардааст.
Сайёфи Мизроб, Душанбе
XS
SM
MD
LG