Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ишқи фирорӣ"-и Баҳодур меояд


Чанд хабари тоза аз олами мусиқии тоҷик

Нахустхабари мо марбут аст ба Ҷӯрабек Муродов, овозхони саршиноси тоҷик, ки беш аз 40 сол боз рӯи саҳнаи тоҷик овозхонӣ мекунад. Тарафдорони садову навои ин овозхон имкон доранд, бори дигар дар консерташ ширкат кунанд. Зеро, қарор аст, Ҷӯрабек Муродов 15 ноябр бо як барномаи тозаи консертӣ рӯи саҳнаи Кохи Ҷомӣ ояд. Ёдовар мешавем, консерти қаблии Ҷӯрабек Муродов ду сол қабл дар бинои Театри опера ва балети пойтахт баргузор шуда буд.

Ҳарчанд Нигора Холова тӯли солҳои зиёд аст, ки миёни ҳаводоронаш эътибори хосаеро касб кардааст, ва ҳатто дар ҷашнҳои арӯсиву чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ ширкат меварзад, вале то ҳанӯз барномаи алоҳидаи мусиқии худро дар ягон толори консертӣ баргузор накарда буд. Нигора Холова тасмим гирифт, рӯзи 17 ноябр дар толори Кохи Ҷомӣ нахуст консерти худро пешкаш намояд. Бояд гуфт, то имрӯз сурудҳои Нигора Холова аз қабили "Арусӣ", "Гули ёс", "Гӯям ё нагӯям" ва дигар таронаҳои мардумиву муосир дар миёни мухлисон шӯҳрат дорад

Баҳодури Ғафурзод, ин исм барои онҳое ,ки аққалан боре ҳам сӯзи ишқро дар қалби худ эҳсос намуда заҳри талхи фироқу ҷудоиро чашидаанд, ошност. Зеро ӯ пайваста дар сурудҳояш аз дарди ҷудоии маҳбуби дилаш, ки ӯро тарк намудааст, қисса мекунад. Айни ҳол, Баҳодур, ки қаблан дар алоҳидагӣ фаъолият мекард, гурӯҳи ҳунарии худро ташкил карда чанд таронаи навашро клипбардорӣ намудааст. Ва ба саҳми мухлисони ин овозхони ҷавон мерасонем, ки дар рӯзҳои наздик албоми тозаи ӯ бо номи "Ишқи фирорӣ" бо ҷамъи таронаҳои ҷадидаш тақдими шумо хоҳад шуд
XS
SM
MD
LG