Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Феҳрасти СММ дар мавриди шароити зист дар кишварҳои ҷаҳон. Тоҷикистон - ҷойи 122


Тоҷикистон дар ин феҳраст поёнтар аз ҳама кишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ ҷой гирифтааст.

Тоҷикистон дар феҳрасти солонаи Барномаи рушди Созмони Милал дар мавриди шароити зист дар кишварҳои ҷаҳон дар зинаи 122-юм ҷой гирифтааст.

Ҳангоми таҳияи ин гузориш, ки шурӯъ аз соли 1990 аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милал мураттаб мешавад, омилҳое аз қабили даромади сари ҳар як сокин, сатҳи таҳсил ва беҳдошт, давомнокии умр ба эътибор гирифта мешавад. Мувофиқи ин феҳраст, беҳтарин кишвар барои зиндагӣ Норвегия будааст. Норвегия барои шашумин бор пайдарҳам дар мақоми нахусти ин феҳраст ҷой мегирад.

Даҳаи аввали кишварҳое, ки мувофиқи гузориши UNDP беҳтарин шароити зистро фароҳам овардаанд:

1) Норвегия
2) Исландия
3) Австралия
4) Ирландия
5) Шветсия
6) Канада
7) Ҷопон
8) Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
9) Швейтсария
10) Ҳолланд

Ва аммо аз миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ болотар аз ҳама Эстония (зинаи 40-ум) ҷой гирифтааст. Тоҷикистон бо ҷойи 122-юм поёнтар аз ҳама кишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ ҷой гирифтааст.

Мақоми ҳамсояҳои Тоҷикистон дар феҳрасти мазкур:

79) Қазоқистон
105) Туркманистон
110) Қирғизистон
113) Узбакистон

Дар зинаҳои охири ин феҳраст кишварҳои африқоӣ ҷой гирифтаанд. Мувофиқи ин гузориш, камтарин шароити зист дар кишваре бо номи Нигер ҷой доштааст.

Ҳамзамон, давлатҳое ба монанди Ироқу Афғонистон ва Сомалӣ аз ин феҳраст берун мондаанд, зеро гуфта мешавад, мураттибони гузориш дар бораи шароити зисти сокинони ин давлатҳо иттилооти кофӣ надоштаанд.
XS
SM
MD
LG