Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо ва таҳримҳо алайҳи Ӯзбакистон


Созмони Дидбони ҳуқуқи башар яке аз танҳо созмонҳои ғайридавлатӣ аст, ки дар Ӯзбакистон фаъолият дорад. Ба ин созмон Иттиҳодияи Аврупо ҳушдор дод, ки агар таҳримҳоро сабук ва ё онҳоро ба куллӣ лағв кунад, дучори иштибоҳи бузурге хоҳад шуд. Ин вокуниши Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар воқеъ ба гузоришҳое буд, ки дар онҳо чандин узви Иттиҳодияи Аврупо гуфта буданд, таҳримҳо таъсире надошта ва ҳатто дар баъзе маворид монеъа эҷод кардааст. Вероника Голдстон, масъули бахши Аврупо ва Осиёи Миёнаи Дидбони ҳуқуқи башар бовар дорад, ки агар таҳримҳо лағв шавад, Иттиҳодияи Аврупо ҳеҷ қудрате барои эъмоли нуфуз бар Ӯзбакистон нахоҳад дошт:

"Агар Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳоро бардорад, дар воқеъ муҳимтарин василаи эъмоли нуфузро аз даст медиҳад ва Ӯзбакистон дигар ҳеҷ далеле барои таваҷҷӯҳ ба сӯҳбатҳои Иттиҳодияи Аврупо нахоҳад дошт, зеро феълан танҳо иллати алоқаи онҳо ба навъи сӯҳбат бо Иттиҳодияи Аврупо ба манзури лағви таҳримҳост"

Хонуми Голдстон гуфт, эҳтироми Иттиҳодияи Аврупо ба унвони яке аз мудофеони ҳуқуқи башар зери суол хоҳад рафт, зеро Созмони Милали Муттаҳид ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳарду аз иқдом дар ин бора даст кашиданд. Дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо акнун мегӯянд, ки давлати Олмон, ки раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро дар моҳи январ, яъне то ду моҳи дигар бар ӯҳда хоҳад гирифт, саъй дорад, ки таҳримҳоро алайҳи Ӯзбакистон маҳдуд кунад. Ва бахши умдаи музокироти имрӯза ҳам ба ҳамин мақсад аст, ки вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупоро мутақоид созад, ки фақат таҳрими фурӯши аслиҳа ба Ӯзбакистон ҳифз шавад.

Бо ин ки Ӯзбакистон дар чанд моҳи ахир ибрози алоқа ба сӯҳбат дар бораи ҳаводиси Андиҷон кардааст, аммо хости аслии Итиҳодияи Аврупо ҳанӯз расман пазируфта нашудааст ва он иборат аст аз баргузории муҳокимоти марбут ба Андиҷон ба наҳви мунсифона, яъне баргузории таҳқиқоти байналмиллалии мустақил дар мавриди рӯйдодҳои Андиҷон ва эҳтироми умумӣ ба ҳуқуқи башар ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ.

Намояндаи Дидбони ҳуқуқи башар дар Тошканд дар охирин гузориши худ мегӯяд, ки аз моҳи октябр, ки таҳримҳо алайҳи Ӯзбакистон эълом шуд, вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ба наҳви қобили таваҷҷӯҳ бадтар шудааст. Хонуми Андреа Берг, ки аз танҳо намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ дар Ӯзбакистон аст, дар ин бора чунин мегӯяд:

"Фақат дар арзи ҳамин як сол метавонам бигӯям, ки вазъи ҳуқуқи башар ба шиддат бадтар шудааст. Аз моҳи январи 2006 то ба ҳол 12 мудофеъи ҳуқуқи башар ба зиндон фиристода шудаанд, то давраҳои аз 3 то 10 солро дар зиндон сипарӣ кунанд. Ман шахсан шоҳиди 12 муҳокима будам ва метавонам бигӯям, ки ин муҳокимот ҳама монанди намоишҳои арӯсакӣ буд".

Хонуми Берг изофа мекунад, ки дар ин муҳокимот бо мудофеъони ҳуқуқи башар ҳамчун саг рафтор мешуд ва хурдтарин имконот дар ихтиёри онҳо гузошта намешуд ва бо иттиҳомоти номарбут монанди хулиганизм онҳоро муҳокима мекарданд. Хонуми Берг меафзояд бо ин, ки беш аз 300 муҳокима дар мавриди Андиҷон анҷом шудааст, ҳеҷ мақоме то ба ҳол ба унвони масъули ин куштор мавриди бозхост қарор нагирифтааст.
Яке аз иллатҳои аслии талош барои сабук кардани таҳримҳо алайҳи Ӯзбакистон ин аст, ки Олмон акнун мехоҳад ба унвони раиси давраии Итиҳодияи Аврупо равобити тозаеро бо Осиёи Миёна барқарор кунад ва Ӯзбакистон яке аз тавлидкунандагони эҳтимолии энержӣ дар оянда ба ҳисоб меояд. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ба илова мӯътақид аст, ки фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо Пиер Морел, ки ахиран ба ин мақом баргузида шудааст, паёми комилан ғалатеро ба мантақа фиристодааст, зеро ба гуфтаи Дидбони ҳуқуқи башар ӯ ҳангоми дидораш аз Тошканд бо ҳеҷ яке аз фаъолони ҳуқуқи башар ва ё ҳатто созмонҳои ғайридавлатии ғарбӣ мулоқот накард.
Ба илова, Гурӯҳи байналмиллалии бӯҳроншиносӣ дар гузориши ахираш дар ҳамин бора ба нақл аз Майкл Ҳол, раиси умури Осиёи Миёна мегӯяд, аз замони эъмоли таҳримҳо Ӯзбакистон хурдтарин таъғире дар шеваи бархӯрдаш бо мухолифони худро надоштааст ва ба ҳамин сабаб Итиҳодияи Аврупо бояд таҳримҳоро сангинтар кунад, на сабуктар. Дар ин гузориш омадааст, диктатурии Каримов бисёр шикананда ба назар мерасад ва тафаккури ҷиддӣ бояд мутаваҷҷеҳи ин суол бошад, ки пас аз фурупошӣ он чӣ авоқибе дар пай хоҳад буд ва таъсири он ба мантақа чист?
XS
SM
MD
LG