Пайвандҳои дастрасӣ

Бритней Спирз хати талоқ гирифтанист


Ахиран, Бритней ба додгоҳи шаҳри Лос Анҷелос барои талоқ гирифтан аз Кевин ариза фиристод ва ҳамчунин талаб кард, ки ба ӯ ҳаққи танҳо тарбия кардани ду кӯдаки онҳо дода шавад. Бритней ва Кевин як писари яксола ва як писараки навзод доранд. Вале 24 соат баъди аризаи Бритней, Кевин изҳор намуд, ки ӯ ҳам тавассути додгоҳ барои ҳаққи тарбия ва ҳимояти кӯдакон талош хоҳад кард. Кевин ҳамсари дуввуми Бритнейи 24 сола аст. Издивоҷи якуми ӯ танҳо 55 соат давом карда буд.
XS
SM
MD
LG