Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Борат"-ро ба Русия роҳ надоданд


Нашрияҳои чопи Русия ба қавл аз мақомоти кишварашон навиштаанд, ки намоиши ин филм метавонад боиси ранҷиши баъзе бинандаҳо шавад. Дар он ҳунарпешаи бритониёӣ Саша Барон Коҳен дар нақши хабарнигори дурӯғӣ аз Қазоқистон ба Амрико сафар мекунад. Дар ин филм ҳамчунин чандин ишораҳои зиддияҳудӣ ва нажодпарастӣ низ ҷой доранд. Филми "Борат", ки намоиши он дар Амрико, Бритониё ва чандин кишвари дигари аврупоӣ шурӯъ шудааст, таваҷҷӯҳи зиёди бинандаҳоро ҷабл кардааст. Саша Барон Коҳен як ҳунарпешаи маъруфи намоишномаҳои мазҳакавии Бритониё аст, ки соли 1971 дар канори Лондон ба дунё омадааст. Ӯро дар Бритониё чун бозигари намоишномаҳои телевизионӣ ва ғолибан аз рӯи се нақши умдааш мешиносанд. Нахуст вай бо иҷрои нақши як роҳзани бритониёӣ бо исми Алӣ Ҷӣ, баъдан чун як хабарнигори қазоқ бо исми Борат маъруф шуд. Ва охирин кори ӯ дар мазҳака нақши як гузоришгари барномаҳои марбут ба мӯд бо исми Бруно будааст, ки бо майлаш ба ҳамҷинсгароӣ маъруфият ба даст овардааст. Дар ҳоле, ки дар дохили Бритониёву Амрико ба корҳои ин ҳунарпеша бо нигоҳи танз баҳо медиҳанд, дар Қазоқистон нақши хабарнигоре бо исми Борат вокунишҳои ғолибан манфиро ба бор овард. Боре вазорати хориҷаи ин кишвар ӯро дар таҳқир ва паст задани шаъни миллии ин мардуми осиёӣ танқид кард ва бори ахир мақомоти Қазоқистон вайро ба кишварашон даъват карданд, то ки "оқои ҳунарпеша тавонад бо чашми худ ба зиндагиву оинҳои ин мардум баҳо бидиҳад".
Холидаи Қодир
XS
SM
MD
LG