Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгӯиҳои пирӯзии демократҳо дар интихоботи ИМА


Утоқи ахбор

Чунин ба назар мерасад, ки барои нахустин бор дар 12 соли охир ҳизби демократи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико назоратро бар ҳар ду палатаи Конгресс - Маҷлиси намояндагон ва Сенати ин кишвар ба даст овардааст. Расонаҳои умдаи амрикоӣ пешгӯӣ мекунанд, ки номзади ҳизби демократ Ҷим Вебб бо тафовути хеле кам рақиби ҷумҳурихоҳи худ ба маҷлиси Сенат - Ҷорҷ Алленро дар интихоботи аёлати Вирҷиниа мағлуб хоҳад мекунад. Дар сурати тасдиқ шудани ин хабар, демократҳо дар Сентат 51 дар сади овозҳо ва ҷумҳурихоҳҳо 49 фоизи раъйҳоро ба худ ихтисос хоҳанд дод. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, дар Палатаи намояндагон демократҳо ба бурдани ҳудудан 30 курсии вакилон муваффақ шуданд. Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш бо эътирофи ин натиҷаҳо ва изҳори ноқаноатмандиаш аз чунин таҳаввулот дар саҳнаи сиёсии кишвар гуфт, ки нокомиҳои ҳизби ҷумҳурихоҳи вай дар Ироқ ба мағлубияти онҳо дар интихобот сабаб шудааст.
XS
SM
MD
LG