Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамоиши Созмони Милал" дар Душанбе


Мушкилоти мавҷудаи ҷаҳони муосир ва фаъолияти Маҷмаъаи кулл ва Шӯрои амнияти СММ аз мавзӯъҳои аслии ҳамоиши донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоии макотиби таҳсилоти ҳамагонии панҷ кишвари узви ҷомеъаи Муштаракулманофеъ буд, ки рӯзи 9 ноябр дар Душанбе баргузор гашт.


Ин ҳамоиш бо ибтикори Бунёди Сорос ва бо иштироки ҷавонон ва наврасон аз Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон зери номи «Модели СММ» дар Душанбе ду рӯз давом мекунад.


Мартин Зеленский, намояндаи барномаи «Дебат»-и Бунёди Сорос мегӯяд, ҳадафи ин ҳамоиш ин аст, ки ҷавонон ҳар чӣ бештар бо ҳам наздик бошанд, қобилият ва малакаи мубоҳисаву муколамаро биомӯзанд ва таҷрибаи ҷалби таваҷҷӯҳро тавассути сӯҳбатҳову баҳсҳои озод биомӯзанд ва инчунин донишу ҷаҳонбинии худро оид ба масоил ва мушкилоти мавҷудаи ҷаҳони муосир такмил диҳанд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG